Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ў ҷуссаи вазнин бардошта аз диван
бархост. Думбаи фарбеҳи андаке паст хамидааш ранги думбаи
гўсфанди ҳисорӣ зери ҳарири нилгун мелапид ва куртаи шабпўши
дарозашро меларзонд, майда қадам гузошта мехиромид ва нўги
пой домони кашоли заминрўбро пеш тела медод. Ў аз остонаи
хонаи хоб берун кадам гузошт, аз рўи рафтор бармеомад, ки ҳамин замон хам шуда бо кафи даст даҳону бинии шавҳарро дошта,
дамгардон карда, аз хур-хури ў халос мешавад ва як умр орому
осуда мехобад. Вале қадам боздошт, дар остонаи хоби шавҳар,
ки дар кати паҳлў кўдак мехобид, бозистод. Ба рўболо хобидани
шавҳар, пасту баланд шудани шиками ў дурудароз нигарист ва
пурнафрат рў гардонд ва боз ба хонаи хоб даромада, дар ба рўй
пўшид... ў ёд надорад, ки ягон вақт ин дар пўшида шуда бошад;
дар ҳамин ҷо бошад ҳам, ба роҳи дур рафта бошад ҳам, ин дар
доим кушода буд, барқасди хонаи дарун, ки мебели қиматбаҳо
дораду ҳама умр дараш қуфл аст... Боре Истад дари онро кушода
дида, ҳуш аз сар парид: бо мисрон дарро шикаста даромада буданд. Истад як ларзиду худро бой надод, вале ҳис кард, ки пушти
лабаш хорид ва сонӣ табхол баровард... Истад парешон будани
либосҳоро дарёфт, ҷои пулу дигар дороиҳоро хабар гирифт: яке
буд, яке набуд. «Хайрият!» Хайрият чархи эҳтиётӣ барҷост, набуди дигар чизҳо аҳамият надорад, ҳар қадар гиранд, ба закоти
чарх намерасад. Чархи эҳтиётӣ фарсуда, кўҳна, лайси дандонҳо
хўрдашуда, вале чунон азиз, ки панҷ чархи наву мошин ин қадар
қадр надорад. Агар сафар дур бошад, чархро аз эҳтиёт гиранд ва
чун аз сафар баргарданд, нахуст онро ба хона дароранд; ягон чиз
дар ин хонадон чунин бақадр нест, чунон ки ин чарх. Он гоҳо рўи
курсӣ истад, гоҳо зери ҷевон, гоҳе зери кат ва гоҳ-гоҳ дар хонаи
хоби Истад; гоҳе, ки ў танҳо бошад. Дар чунин ҳолатҳо ў чархро бардошта вазн занад ва хаёл кунад, ки ҳоло вазни дилхоҳро
нагирифтааст. Пас бо пой чархро пахш карда мисли ронандаҳои
моҳир мисрон ба миёни резину чанбар дарорад, резин аз чанбар
ҷудо кунад, то дастдаро шавад. Истад ба касе бовар накарда худаш
ин корро сомон гардонад, сонӣ дар майна ҷамъ оварад, ки чанд
рақаму чанд сифр шуд. «Кам, ҳоло кам, боз лозим». Ва аз радиои
девори даҳлез ин садо меояд: «Чашми танги дунёдорро ё қаноат
пур кунад ё хоки гўр...» Дастони ў суст шуданд ва мадори онро
боз ҷамъ овардан намонд. Лаби коғазҳои сабз аз байни чанбару
резин метофтанд. Ин коғазҳои ҳамон мудир, ки дар доираи Истад
рақс мекунад, дигарон наоянд, вале ин марди парзадарў моҳе ду
бор меояд. Дигарон, худ калон бошанд ҳам, аз дари идораи ў сар
халонда «ойтӣ» мегўянд, агар дар кабинеташ танҳо бошад, дароянд
ва агар меҳмон дошта бошад, худи Истад берун барояд ва боз як
мудири азиз ҳаст, ки худи Истад назди ў равад ва «визнос»-ро
худаш аз дасти ў гирад. Шакаршо ҳамаи онҳоро шиносад. Аз ҳама муғамбири дарундораш ҳамон, ки Истад наздаш равад ва ў ба кисаи раис даст андозад, сардор гўё ки чизе нашуда бошад ва касе надида бошад, аз назди ў дур шуда, дўғу даранг кунад, ки чизҳоро ба тартиб гузошта натавонанд; рафту ягон намоянда ояд, боз зери гап монанд: «Махсум чӣ кор кунад, ҳамин ҷойҳоро ба тартиб орад намешавад?»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо