Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Андеша дорад Истад, ки ҳушаш ба ҷо омада, ақлаш даромада, вагарна рассомро (чунон ки хозир баҳо медиҳад) ба худ одат намекунонд, ўро аз дигарон боло намегузошт... Содагӣ дорад одамӣ, ҳама умр кўдак аст ў – хаёлаш, ки бо «коко» гуфтан даҳон ширин шавад. Кас ҳама умр асрор ниҳон дошта натавонад, ба ақидаи тўмордорон ҳар чизи пинҳониро, алалхусус дунёиро се тан бояд донад, вагарна он дуздӣ ва ё ҳаром ҳисоб ёбад. Дар хонадони Истад роздони саввум Шакаршо шуд. Вале ба қавли Истад «ғиром баромад»: ҳама сирри онҳоро дониста, гурехт. Дили занак дар такопўст. Ҳарчанд Калонхон Истадро тасаллӣ диҳад, бовар надорад:
— Парво накун, Истад, Шакаршо одами паст нест, ба касе чизе нагўяд.
— Ман ҳам ҳамин хел гумон доштам...
— Чӣ ягон...
— Ҳамин қадар нону намак хўрду...
— Ин гапро нагў, Истад, шунавад, хафа мешавад, мо ҳам нону намаки ўро хўрдем, ў ҳам ба мо бисёр мадад кард. Ёдат ҳаст?
— Аз ёди ман ҳеҷ чиз намеравад, Калон... Ман аз чарх метарсам, аз чархи эҳтиётӣ...
— Чӣ, ў ин чизро медонад?
— Ў ҳама чизро медонад, Калон, дар миёни мо ягон сирри пинҳонӣ набуд.
— Ман туро мард гуфтам, лекин зан будаӣ...
Истад тоб хўрд мисли море, ки дар сараш кўфта бошанд, тоб хўрд ва мўи парешонаш ба зераш монда будааст, ки бехаш таранг шуда, дард ёфт. Аз дари боз садои хуррок кашидани Калонхон меомад ва Истади хобпаридаро олуғда мекард, ба танг меовард.
Ба бадани ў хориш пайдо шуд, гўё чизе танашро тала мекард; мисли шабзоде, ки як вақтҳо ҳамроҳи Шакаршо будан тала карда, варам кунонда буд – дар меҳмонхонаи шаҳри 3. Вай ин чизро аз куртаи синтетикии ҳарири осмонранг донист, ки доим худро даруни об мепиндошт, ҳоло миёни оташ медонад, ба дараҷае, ки бо нохунҳои дароз танашро хорида хуншор кард. Вай ҳамин лаҳза мехост, ки Калонхон наздаш омада, баданашро молад, хорад, хориши танашро рафъ кунад ва боз ҳамон ҳарфҳоро гўяд; «Истад, бидон, ки касе туро ба зайли ман ҳурмат намекунад... Ҳамон хел зиндагӣ бикун, ки дилат хоҳад, беҳуда худатро зиқ накун...»
Занак ба дар нигарист. ки Калонхон чизи аз дили ў гузаштаро пай мебарад ва бархоста меояд, аммо ў хуррр мегуфту хуррр.
Истад пойҳо аз кат нишеб кард, вале ба хулоса наомада буд, ки хезад ё на. Сараш гирифт, ба танг омад, ба танг омад, ки қариб бист сол боз чунин хуррок кашидани шавҳарро мешунавад ва ҳамаи ин солҳо тоқат кардааст, аммо ҳоло ҷонаш гулўгир шуда, косаи сабр лабрез аст; рафта даҳону бинии ўро пахш карданист, ки дигар нафас набарорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо