Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Сурат ҳам аз худат, китоб ҳам... Ман мехоҳам, кӣ будани маро ту донӣ... Боре нўгашро бароварда будам, ки авлоди мо ба куҷо дакка мехўрад, гуфта будам-а?
— Гуфта будӣ.
— Гуфта будам, ки дар пушти кўҳи Мармар мазори бобои ман ҳаст?
— Гуфта будӣ.
— Гуфта будам, ки як кас ба ман шаккокӣ карда ба касалии тобаки дил гирифтор шуда мурд?
— Гуфта будӣ.
— Агар ки ҳамаро донӣ, боз ба ман чӣ шак орӣ? Талху пичинг занӣ, ҳусни маро таҳқир кунӣ?
— Ту чаро аз номи ман ҳарф занӣ? Дар бораи ҳусни ту чизе нагуфтаам...
— Бидон, ки замоне бо фармуди Оллоҳ таъоло аз осмон ду гавҳора омадааст, яке гаҳвораи бобои ман ва дигаре гаҳвораи момои ман будааст...
— Офа-ри-ин!!!
Истад ҷуфти тўморро, ки ба қавли эшони Нур, яке радномаву дигар нурнома буд, ба таги болишт ҷо кард ва боз сар ба сари зонуҳо сукут варзид, ки дигар умеди зиндагӣ нест, боқии умр ба ҳамин монанд гузарад: «Ман дар замони гузашта ҳам ба дунё меомадам, зиндагиам хуш мегузашт, пуштамон тоза, ҳеҷ набошад, бихалифа мешудам... умед дорам, ки дар пириам ба ин кор машғул мешавам» – гуфта буд ба Шакаршо. Шакаршо ба кўтаҳандешиҳои ин зан чизе нагуфт, балки андеша кард, ки дили занак ба ў об хўрд, аз ин рў кушоду равшан гўяд, вагарна...
— Билет чӣ шуд, Истад?
— Кадом билет?
— Билети партиявӣ.
— Ба каси аз кор рафта билети партиявӣ чӣ лозим? Дигар ба ў касе мансаб надиҳад...
— Пушти ту тоза, Истад, – киноя кард рассом, аммо занак инро рост фаҳмид. Қиёфаи рассом гирифт, дар дил сахт ранҷид.
Ў медонист, ки одамон барои чӣ ин қадар ба узви партия шудан талош доранд; суд меҷўянд, аммо ин хеле ки Истад пешбинӣ кардааст, хаёл надошт.
— Ба ту чӣ лозим бихалифа шудан, Истад? Худат мегўӣ, ки ҷамъ кардаат ба ҳафт пуштат мерасад, ҷиҳози тўи фарзандонат тайёр, мисли дигарон бозор ба бозор намегардӣ, ба нархи шогирдонат монда матоъ намехарӣ, агар ҳозир тўй кунӣ, даҳ баробари харҷат пайдо мешавад.
— Оламу ҳаводис, кӣ медонад анҷоми ин корҳо чӣ шавад...
— Ҳар кас аз дилу нияташ, Истад...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо