Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Ҳа, одаму либос, гуфтаанд, рассоми ман.
— Нахоҳӣ, ки дороиат низ дар он сурат ҷо шуда бошад?
— Чӣ хел?
— Масалан ҳама пулу чизу чораат дар дастат...
— Ту шўхӣ мекунӣ? Дастам намебарад, Шакар... Магар, ки ҳамаи онро ба тиллову брилиант гардонӣ, бозубанду дастпонаву ангуштарию ҳалқаву зиреҳу овезаҳои маро тасвир кунӣ...
— Он гоҳ ба кӣ монанд мешуда бошӣ? – сухани ўро тоқат накарда бурид Шакар.
— Ту инро нағз донӣ: ба маликаҳои афсонавӣ.
— Не-е, маликаҳои афсонавӣ ҳам ба ин дараҷа набуданд...
Барои ба даст овардани зару зевар шоҳзодагон чӣ қадар ҷангу ҷадалҳо мекарданд, чӣ қадар талафҳо медоданд... лекин шумо ҳамаашро муфт ба даст меоред, дар ҷои нишастаатон...
Истад як қад парид ва ҳайрон монд, ки чаро Шакар чунин гўяд, аввалин бор аз забони ў чунин ҳарфҳо баромад – заҳролуд, нешдор. Дилаш раг зад: «Беҳуда барин... беҳуда ҳама сиру асрорамро ба ин марди биникалон гуфтам... аз милисаву аҳли қалам некӣ намебарояд... ҷамъ кунанд – ҷамъ кунанду як рўз ба рўят пошанд...»
— Ту ҳама асрори маро донӣ, Шакар.
— На, танҳо асрори зоҳиратро, ки кирои тасвир кардан надорад.
Истад карахт шуд, ба рўйи ў дурудароз нигарист ва ашк рехт.
Чунон ашк рехт, ки кас ба мурдаи падар чунин нагиряд. Сухани рассомро нафаҳмида гирист, ки ў ҳусни зоҳирашро таҳқир кард.
— Ман ҳусни туро нагуфтаам, Истад, ман оқибати корҳои туро гуфтам.
— На, маро гуфтӣ, маро гуфтӣ, ҳусни маро таҳқир кардӣ, ман донистам, ки дўстам надорӣ, медонистам, ки аз барои чиз бо ман ошноӣ кунӣ: барои сару либос, барои хўрокворӣ, барои рўзро хуш гузаронидан ва барои бисёр чизҳо, ки дар ин замон тухми анқо шуда, лекин мо дорем… агар ман ҳамин рўз аз вазифа равам, дигар ба ман нигоҳ накунӣ. Донам, хамаашро донам: шумо мардон то коратон буд шудан, то ба мурод расидан дорумадор кунед. Чун коратон буд шуд, роҳи дингон гиред; як рўймолчаи бинипоккуниро аз мо беҳ донед...
— Ором шав, Истад, мардҳо барои латта намурдаанд, ба мардҳо одам лозим, зан лозим...
— Чӣ ман одам нестам, зан нестам?
— Не, ту занӣ, лекин барои одам будан ё набудан, зуд хулоса баровардан лозим не, баъзан барои ягон кас китоб навишта, хато кардан ҳам мумкин, ки он фард гуфтаи ту барин не, балки дигар хел аст, ҳатто ба мақола навиштан наарзад...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо