Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пас чаро онҳое гунаҳгор набошанд, ки зери ин рақамҳо мондаанд? Ва баъди он ин тоифаро гунаҳгор кардан мумкин бошад? Даҳани хўрда – шарманда. Ҳамаашро худамон кардем, дод аз дасти худамон: тўямонро дабдаба кардем, пеши онҳо давидем, нест гуфтанд, тавалло кардем, зора кардем, ба рақам рақам афзудем, дуболою себоло шуд, миннатдор шудем, ки корамонро буд кард; ҳоҷатбарор аст, аз дасти ў ҳар кор меояд.
Ў фахрид, ҳама чизро пинҳон кард, ноёб шуд, лекин ҳар чӣ дигарон пўшанд, арўсон, духтарон низ бояд бипўшанд. Нархи бозор баланд, нархи духтар баландтар шуд. Кӣ бурду кӣ бохт? Савдогар бурд, харидор бохт... Боз ҳама вазнинӣ бар дўши коргари бечора афтид; аввал фурўшгорон фиреб кунанд, сонӣ бозор ва он бечораҳо мисли Одина шаборўз бояд кор бикунанд, то ҷиҳозу қалини тўй ғун оранд; дар ин муддат устухонашон сафед шавад. Бо сўзан ҷамъ оранд, бо панҷшоха бод диҳанд...
Рассом то алвақт суратҳояшро ором мекашид, гумон дошт, ки зиндагӣ мисли оби равон аст, ҷорӣ шаваду ҷорӣ ва гоҳ-гоҳе дар баҳорон ғалаён кунад, бишўрад, гилолуда гардад ва дигар ҳама фаслҳо ҳамвора равад. Аммо ҳамин ки бо зиндагии аҳли савдо аз наздик шинос шуд, сар ба каф гузошта ба андеша рафт, тасвири манзара кам шуд ва қиёфаи ҷиддиву ваҷоҳати рўйи инсон, чеҳраҳойи зишту номатлуб зиёдтар. «Чеҳраи Худоро бояд сохт…
На, ин тоифа ба чунин симои фалакиву қадима эътибор надиҳанд.
Сурати пул ё тангаву тиллоро бояд кашид…» Ў то алвақт инсонро хушрў, хандон, варзида ва болдор тасвир мекард; ба мўи ў эътибор медод, ба пўшоки ў аҳамият медод, инак донист, ки ин тоифа чени он духтарак ақл дорад, ки танҳо барои намоиш додани либосҳои зебояш диктори телевизион шудааст, барои ў фарқ надорад, ки забони модариро донад ё на, калимаҳоро талаффуз карда тавонад ё на? Бефарқ. Муҳим он аст, то ўро бубинанд, ҳар рўз либоси дигар пўшидани ўро пай баранд. Ў дўзандаи махсус дорад, чунон ки Истад. Алҳол рассом ин ду фардро монандӣ ёфт ва ҳарчанд фикру хаёл кард, ки кадоме суратбоб аст, чизе пайдо нашуд...
— Хоҳам, ки сурати барқади маро кашӣ, Шакар, чунон кашӣ, ки ҳама либосҳои маро дар бар гирифта тавонад...
— Ман пештар барои либос сурат кашидам, Истад, акнун инсонро кашидан хоҳам... Магар сурати он марди зиштрў, ки дар қаъри чашмонаш як ҷаҳон асрор аст, ба ту хуш наомад?
— Хуш омад, Шакар, биниаш ба бинии худат монанд, ҳамонаш хуш омад.
— Ҳм... яъне, калон?
Истад ба саволи ў ҷавоб надод, балки табассум карда, ба гардани ў даст ҳалқа кард. Рассом дасти ўро аз гардан ҷудо карданӣ шуд.
— Мегўӣ, ки фақат либос аксу ифода шуда бошад...

пешина
аз 429
навбатӣ