Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Дидӣ, худат чӣ нафрат дорӣ ба ин чиз? Ҳол он, ки ҷуз савдогар каси дигар нестед!
Ин вақтҳои аввал набуд, баъд пайдо шуд; баъди кӣ будани онҳоро фаҳмидан, баъди донистан, ки масъалаи пул ба миён ояд, падар фурўшанд. Шакаршо дар доираи ин зан бозӣ кардан нахост, аммо чун рассом зиндагии ин тоифаро донистан мехост, маҳз барои он донистан мехост, ки боиси ин қадар баланд рафтани ин тойифа дар чист, ки Худоро худодод надонад? Наход, ки пул касро ин қадар бетамиз, худбину худбовар ва лоқайд гардонад?
Махсусан ў мебинад, ки савдогарони мошиндор масту аласт сари фармон нишаста ва ба мурдану маҷрўҳ гаштани касе парво надоранд, қоидаро шикаста, ҳаёти дигаронро дар хатар гузоранд; бо тамоми нерў помонаки газро пахш кунанд, хурдро хурд, калонро калон надонанд, дасти беэътиноӣ афшонанд, дар ҳар маврид пулро дар ҷойи аввал гузоранд, «пул ҳамаро ҳал кунад!» гўянд, нозири роҳ, додситон, додгарро ҳам, соҳиби мурдаро ҳам бо пул харидан мумкин гўянд… ва хуни рассом ба сар зада, чашмон аз хонааш бароянд. Рассом ба тарзи зиндагии ин мардум мароқ зоҳир кард; муносибат, муомила ва забони онҳоро омўхт; ҳайраташ афзуду кам нашуд. Хайр, фурўшандагони ноинсофи аз сад навадро мезадагӣ ба гуфтан ҳам одам нашаванд, дар онҳо инсофу фаросатро бо сўзандору ҷой диҳӣ ҳам то дилу майнаашон кора накунад, чунон танашон заҳролуд шуда, ки ягон заҳр, ҳеҷ гуна доруи ҳушу ақлу фаросат асар надорад, чунон ки ба одами заҳрхўрда заҳри мор.
«Корашон афтад, ғулому корам афтад, хоҷаанд». Дар сарашон нўҳ рақаму як сифр давр гардад ва аз ин рақамҳо миллион сохтан хоҳанд, ин рақамҳоро таҳи сандуқ андозанд, рақамҳо варам кунанд, дар сандуқҳо ҷой нагиранд, воҳима гирад онҳоро, сандуқро ҷогардон кунанд, рақамҳо тиллоӣ шаванд, рақамҳо по бароранд, ақл шаванд, раҳнамо гарданд, кўронро бино, каронро шунаво, гунгонро гўё бикунанд. Ин тоифа касон -ҳамадор, аммо шарҳи ҳол ғашовар: аз моҳӣ наҳанг созанд.
Сонӣ рақамҳо дўст пайдо кунанд, каллаи бамағз пайдо кунанд, ба қавли онҳо ба мактабҳои панҷсола дохил шаванд, тамом кунанд, вазифа гиранд, миёни вазоратҳо гарданд; киса ба киса, сандуқ ба сандуқ, бонк ба бонк; ҳатто дар ташкилотҳои партиявӣ роҳ ёбанд. Рақамҳо тарҷимаи ҳолро пурра кунанд: аз вазифа ронанд, ба сари кор нишонанд, ҷоҳу ҷалолу мартаба бахшанд...
Ҳамин чизро савдогарон хуб донанд; аз ин рў мурдаи хеш бар рақамҳо партоянд ва пиндоранд, ки онҳо ба ҳам оянд, зўртарин қувва гарданд. Модоме ки ин нерў тарбиятгарро аз роҳ баровард, органро харид, сардорро муттаҳам кард, раҳнаморо ба роҳи дигар андохт, чаро қувваи бузург набошад? Чаро ў ифтихор накунад, чаро худро аз ҳама воло надонад? Чаро хостаашро накунад? Зеро ҳама гуна ҷиноятро, ҳама гуна қабоҳатро, разолатро бо ин рақамҳо рўпўш кардан имкон дорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо