Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Истад хоболуд барин сар ба зер афканда, сукут ихтиёр кард ва пардаи сиёҳи сунбул ўро пўшонд. Ў худро намедид, ки чӣ зайл ба зани девонаавзои ҷўлидамў монанд аст, аммо гумон мекард, ки нозанинеро монад, ки ба ёди ёри меҳрубон аз гесўвони дароз бистар сохта бошад; ба назараш хушбахттар аз ў зане нест, зеботар аз ў дўшизае, вале дар айни ҳол чунон танҳост, ки мурғони ҳаво гирянд ба ҳолаш. Даст ба пешонӣ бурд, сарашро дошт, то дардаш камтар шавад, сонӣ зулфони оғўшгирифтаро пушт андохт, то дилаш равшан гардад, ба назар, ҳамин пардаи сиёҳ роҳи равшани дилро гирад. Бўйи дудаи шамъ ба димоғаш нафорид, ҳарчанд ки онро ҳамроҳи Шакаршо харида буданд, аз он бўйи ў меомад, аммо ин дам нафорид; охирин мум об шуда ба пилта равған медиҳад ва ў донад, ки он то рўз напояд; дар пояи шамъ мисли равғани чарбу сахт шавад ва бўи ғализи он хонаро тарк накунад, балки дарак аз асри куҳан диҳад, аз гузаштагони ў ёд орад. Ва ў даст ба чоки гиребони шабпўшаш дароварда аз чоки синаҳо, аз даруни синабандак як ҷуфт тўмор барорад, ки ҷуз он нигаҳдорандае надорад; ёдгории эшони Нур. Як нигаҳдорандааш Шакаршо буд, зиёдтар аз ин тўмор, ҳолиё нест. Умедаш танҳо ба тўмор... Тўморро зери болишт гузошт ва сахт ҷониби шамъи хирасўз нигариста, онро хомўшшуда дидан мехост. Пуф кард, то он мурад, аммо нафасаш нарасид, ҳатто забонаи он наларзид. «Наход, ки ҳамааш тамом шуда бошад?» Ў бо ин саволи аз хаёлаш гузашта бисёр чизро дар назар дошт: ҳам муҳаббат, ҳам дунёи карру фар ва ҳам ҳаётро.
Ба назараш, ки шаби вопасин аст ва баъди он на дидор бинаду на чиз. «Рафта онро ёфта биёрам, Истад?»
— Киро, Калон?
— Шакаршоро.
— На, ў дигар наояд.
Ва акнун пушаймон, ки чаро «ҳа» нагуфту «наояд» гуфт. Шояд, ки меомад ва боз зиндагӣ давом мекард, зиндагии ошиқона, зиндагие, ки ҳама чизро ба хотири он қурбон кардан мумкин буд.
Аммо Шакаршо ҳамаашро хуб фаҳмида буд: ба касе, ба чизе, ба муҳаббат, ба сухан ва ба кулли мавҷудот бовар надошт; на аз рўи китобҳо, балки ҳамаашро дар ҳаёт дидааст, шунидааст ва фаҳмидааст, ки одамон ҳамдигарро фанд мекунанд, фиреб медиҳанд, зеро аз гуфтан чизе бой надиҳанд; гўё як даҳан гўянду кисаи дигареро бо чормағзи пуч пур кунанд ва худ орому осуда гарданд.
— Чаро вақте ки ман ҳарф мезанам, ба шубҳа менигарӣ, Шакар?
— Пай мебарам, ки забонат дигар чиз мегўяду нигоҳат дигар.
— Кўр шавам, Шакар, агар ман ба ту дурўғ гўям.
— Бигўй, ки ягон савдогар дар умраш рост гуфтааст?
— Ту чаро маро савдогар мегўӣ?..

пешина
аз 429
навбатӣ