Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

ҳеҷ гоҳ ин хел мардро бо касе иваз намекард; мардеро, ки ҳама гуна нози ўро мебардорад, аз гуфтааш берун намеравад, ба рўяш ҳама умр механдад, то чеҳраи зан ифодаи ҳузн нагирад, зеро дар хонадон Калонхон мард не, Истад – мард ва аз гуфтаи баъзеҳо, Худованди карим Истадро мард наофаридасту бас; ҷинсаш зан, аммо тамоми рафтораш мардона: ба ҷои он ки Шакаршо ўро суроғ карда ояду ба ҳар ҷо барад, баръакс ҳамаи ин хидмат ба гардани Истад бор аст, марди қайсари дуруштхўву «номусулмон»
(ба қавли баъзеҳо) чунон ба Истад сар фуровардааст, ки аз рўи фармуди ў ба хонааш барнагашта он ҷо шабро рўз мекунад. Истад бо мардҳо муомила карда метавонад, хислатҳои хоса дорад. Раҳматии падараш мегуфт, ки Истад ба ҷои ҳафт писар, зеро баъди мурдани тифлонаш номи ўро Истад гузоштанд, то зинда монад; ба бахти падару модар зинда монд, яке аз касоне, ки дар район мешиносанд, бо одамони вилояту болотар худаш шинос мешавад, бало, аз бало ҳам боло...
Ў имшаб танҳост, дар миёни пайвандон танҳост, дар хонаи танги бетиреза танҳост, воҳимаангез аст ин хона, барои ҳамин Истад шабҳо шамъ меафрўзад; ба ёди касе, ба хотири чизе шамъ меафрўзад, чароғакро мегиронад, ғозаю сурхию сафеда мемолад, ба корҳои дигари занона машғул мешавад, то танҳо буданаш маълум нагардад. Ва ҳамин, ки ба бистар рў ба сақф дароз мекашад, пай мебарад, ки танҳост. Вай ҳамин хел ба бистар оддӣ намедарояд; шабпўши беҳтаринро ба бар мегирад, маъқул нашавад, дигарашро бадал мекунад, хушбўтарин атриёти фарангиро мепошад, ҷогаҳу хонаро муаттар мегардонад, сонӣ дар лаби кат андармон нишаста, ёди касеро мекунад ва баъд ба кушодани зулфи дарозаш машғул мешавад, то хубтар намояд; гумонаш, касе ўро тамошо дорад ва ё ҳолиё бояд аз дар дарояд. Сонӣ рўйиҷои сафед аз пардаи зулфи парешонаш сиёҳ гардад ва ў рўи он парда дароз кашад, вале хобаш набарад. Хаёл кунад, ки ҳамин ҳоло касе аз дари боз сар дароварда ўро шод гардонад: «Хобат намебарад, Истад?» акси чашмдошт садо меояд. «Мебарад, Калонхон, мебарад, хап хоб бикун». Наздик омадани ўро нахоста, гўяд. «Охир ту чихелин занакӣ? Ман туро ба ҳамин умед гирифта будам, ки ҷогаҳҷудо бошем? Чӣ ранг мо ҳамдигарро дўст медоштем-а?» «Ҳоло ҳам дўст медорем, лекин асабӣ ҳастам, ягон садо ба гўшам намефорад...
Кори савдо ба худат маълум, касро аз одаму олам дур мекунад...»
«Дар ин замона одам ба кӣ лозим, Истад? Ҳар кас барои мурдаи худ гиряд. Рафту ба поят хоре халад, касе бетамаъ он нешро накашад...» «Ҳа-а-а ишораҳоятро мефаҳмам, Калонхон... Чӣ қадар барои кори ту пул рафт. Агар савдо намешуд, чӣ кор мекардем?»
«Савдо намешуд, беҳтар буд, Истад...» Истад қомати ёзидаашро аз рўи бистар бардошт: «Чаро чунин гўӣ?» Вале гиря Калонхонро гулўгир шуда, чизе гуфта натавонист, аз дари боз баргашт...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо