Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

ЧАРХИ
ЭҲТИЁТӢ
— Аз ту хоҳиш дорам, ки маро имшаб танҳо гузорӣ...
— Ҳама умр туро танҳо гузоштам ва надонам, ки анҷомаш чӣ шавад...
Имшаб ҳам ў танҳо буд; дар хонаи начандон калони бетиреза, ки ҳама вақт дараш боз аст, дар ҳамсоягии хуфтагони хонаҳои дигар ў танҳо буд; дар иҳотаи шавҳару фарзанд зани оташмизоҷи сиёҳчарда танҳо буд, вале чунин танҳоиро ҷуз худаш касе пай намебурд. Шавҳараш гумон мекард, ки завҷааш аз ишқи нобарор месўзад, фарзанд гумон дошт, ки модар истироҳат мекунад, модари мардмиҷози онҳо, ки танҳо чанд рўз пеш сисолагиашро дар саҳни ҳавлӣ ҷашн гирифтанд ва тамоми итоаткорҳо дар зарби доираи ў рақс карданд; хурсанд буд модарашон, шукуфта буд модарашон ва он марди биникалони ҷингиламў ҳам ба ҳавои доираи ў рақс кард, вале он мард ба духтарча маъқул не, чандин бор ба модараш гуфт, ки ў ба хонаашон наояд, аммо модар ба духтарча он мардро дўсти хонадон мегўяд, беҳтарин одами рўи олам, беҳтарин мард ва ҳатто хубтарин рафиқи шавҳараш медонад. Чунин дўстони падар зиёд буданд, чанд муддат меомаданду чӣ мешуд, ки пояшонро аз остонаи хонаи онҳо меканданд, аммо омаду рафти Шакаршо тўлонӣ шуд. Дар ин хонадон ҳама ба ў одат карда буданд, ҷуз духтарча. Аммо аз рўи фармудаю омўхтаи модар духтарча бо ў чунон рафтор бояд бикунад, ки дигарон мекунанд: худро ба гардани мардак овезад, лабони хурдакакашро ғунча карда, бо ў «нўл» кунад ва баъд рафта ҳар қадар туф кунаду лабу даҳон шўяд ҳам, ихтиёраш, худнамоӣ шавад, шуд. Бояд ҳама донад, ки Шакаршо дўсти ин хонадон аст ва кўдакон ҳам ўро дўст доранд, аммо бинии калонаш ғаши духтарчаро меорад, тораҳои мўйлаби тезаш ба лабони нозуки ў мехаланд, ба падарашон ҳам маъқул не ин кор, аммо, ҳама ба хотири Истад ин корро мекунанд; ба ў хуш аст ин корҳо. Ва баъде ки Шакаршо ба сари хон нишаст, Истад лаҳза ба лаҳза аз зери абрў ба вай менигарад, ки пазмон шуда бошад; ҳамин нимарўз дида буданд – Истад бо мошини як коргараш рафта, ўро хабар гирифта ҳамроҳ чошт хўрда, дам гирифта, омада буд ва боз мошин роҳӣ карда Шакаршоро оварданд, акнун ба ў зеҳн монаму шинам, мегўяд, дар умраш аввалин бор дидагӣ барин. Баъзан аз пушти сари шавҳараш гузашта ба ў менигарад, то Калонхон нигоҳҳои шаҳватбори ўро набинад, аммо шавҳар ҳамаашро мебинад, гўё дар паси сар ҳам чашм дорад, мебинад, аммо чизе намегўяд; аз гуфти Истад ҳама айб дар Калонхон, вагарна ў

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо