Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Аспҳои дигар ҳам аз пайи онҳо рафтанд. Яке аз байн як аспи беодам баромад, зинаш ба таги шикамаш фаромада буд. Полвонро аз об кашола карда бароварданд ва ду савора асп монда рафт, ки аспи гурехтаро дошта биёранд.
Тўда аз рўд он тараф гузашт. Пиёдаҳо низ аз паси онҳо тохтанд, то бозиро аз наздиктар тамошо кунанд. Аспҳо мисли моҳиёне, ки касе онҳоро тарсонда бошад, башаст аз тўда мебаромаданд ва зуд нимдоира гашта худро ба тўда мезаданд. Яке намуд, ки полвоне дасти бузро канда гирифтааст ва онро баланд ҳаво дод.
...Ҳамин вақт аз боғи Чилдухтарон садои тири камон баромад ва они воҳид нагузашта садои фарёди духтараке баланд шуд.
Чанд савор, аз ҷумла пирамарди ҷирансавор, ба он тараф асп монданд.
Шариф рўи замин дароз кашида буд ва Гавҳар болои сари ў нишаста гиря мекард. Баробари расида омадани саворон духтар гулўгир шуда канда-канда гуфт: «Са-айид-қул па-ар-ронд...»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо