Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

мошобин буданд, ба ягон кор даст намезаданд. Меҳмонҳоро ба қўшхонаҳо тақсим карда, қўнуқашонро доданд. Тўй сар шуд. Рўзи аввал аспхунуккунак барин ду буз партофтанд. Дар ҷое, ки як вақтҳо Умматқул Булўрашро машқ медод, бузкашӣ шуд. Аспҳои аз роҳи дур омада дар канор меистоданд ва аспҳои деҳаҳои наздик хуб давутоз мекарданд. Тамошобинон, полвонҳо ва ҳатто ҷўгиён, ҷўгии латтабанд ва полвони телпакпўшро меҷустанд, онҳо нанамуданд. Рўзи дуюм ҳам аз ин полвонҳо дарак набуд. Бузкашӣ дуд мекард. Бозӣ тафсида буд, вале солимҳо ба дараҷаи шутури сафед намерасид. «Ҳо-о аз номи усто Нуриддин як гаҳвораю сад сўм пул, ҳўй-й!» нидо дардода рафт мурдакаш. Аспҳо занозанӣ карданд.
Тўдаи аспҳо мисли баҳри пуртуғён мавҷ зад. Гўё ба кундаалови шаби тўй як сатил равған рехтанд. Бозӣ гарм шуд.
Мурдакаш назди девонбегӣ омада, «Оқсақол, солими аспи маро ҳам диҳед» гўён ёли аспашро сила кард.
Аспҳо бузро гирифта ба сўи ҷарӣ, ки болояш девонбегиву бузпартоҳо ва сартўйҳову тамошобинон менишастанд, рост шуданд.
Бозгаштанд. Полвонҳо ва аспҳо он қадар масти бозӣ шуда буданд, ки ҷару ҷўй ва обу оташро фарқ карда наметавонистанд.
Офтоб як лаҳза аз паси абр чашм кушода аз нав зери абр шуд.
Полвонҳо зери ҷар омада, пой ба рикоб тира карда ва дароз шуда солимро аз дасти оқсақол мегирифтанд.
Дам ба дам садои мурдакаш мебаромад. Баъзан шўхиомез нидо мекард ва баъзан аспҳо дар як тараф бошанд, барои ширин шудани бозӣ мурдаро ба тарафи дигар мебурд. Навмашқҳо ва касоне, ки он қадар аспи хуб надоранд, лаҷоми аспашонро ба он тараф гардонда тозиёна мезаданд. Вале нидои навбатии мурдакашро касе интизор набуд ва хаёл ҳам намекард:
«— Ҳў-ў-ў аз номи бобои соҳибтўй, ҳў-ў Худойқули ҷўгӣ, ҳў-ў ду аспу як шутури сафед, ҳў-ў-ўй!» гуфт ва шўхиаш омада илова кард: «Ҳў-ў ба болояш кампири Чинӣ, ҳў-ўй»... «Ҳо марра... Хонаи соҳибтўй ҳў-ў-ўй!!!».
Соҳили рўд ларзид. Ҳама тамошобинон ва тамоми аспҳо низ ҷунбиданд. Умматқул бехабар буд, яке парида хест ва худ аз худ оҳиста фурў нишаст.
Тамоми аспҳо тўда шуданд. Мисоли қурси хуршед гирд гаштанд. Ва як аспи ҷирани пои росташ сафед, мисли ситораи субҳ дуртар аз тўда буд. Дар болояш як пирамарди ришсафед, ҷомаи зирабеқасаб ба бар меистод. Чунон менамуд, ки аз чашмони ў қатраҳои ашк мешориданд. Аспи ў бетоқатӣ мекард, вале пирамард лаҷомашро мекашид.
Аспон баробар меҷунбиданд. Оҳиста-оҳиста тўда ба рўдбор наздик шуд ва як гурўҳ асп аз байн ҷудо шуда ба рўд даромад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо