Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Барои чӣ?— пурсид усто Нуриддин.
— Ҳамин қадар фаҳмонам, боз барои чӣ. Охир гуфтам-ку, ин бозӣ ба ягон навъи спорт намедарояд. Як ҷонвари безабону бегуноҳро кушта, аз чор дасту пояш кашокаш мекунанд. Баъд дар чанд бузкашиҳо полвонҳо деҳа-деҳа шуда ҷанг кардаанд. Ба кӣ лозим?
— Ба халқ лозим, мо аз тоҷикон бисёр тўю нону намак қарздор ҳастем. Хайр, як бор иҷозат деҳ, баъд маън кунӣ, майлат,— бархоста гуфт Умматқул,
— Ман аз ту ин хел умед надоштам, Умматқул,— гилаомез гуфт котиби райком.
— Хайр, охир, чӣ кор кунем? Мо медонем, ки ба мо ҳеҷ кор кардан мумкин не...
— Мон ин гапҳоро. Одам гапро ғоз намедиҳад. Равед, ки гуфтам, равед.
Дере нагузашта дар тўи республика ва иди ҳосилот дар тамоми республика бозиву шодӣ ва бузкашиҳо шуд. Баъд тўйгарҳо аз пеши худ буз доданд ва ҷўгиҳо ҳам дигар аз касе напурсиданд.
Вале байни тоифаи ҷўгиён шарти дигаре шуд. Ҷўгиёни Қабола боз ба Гавҳар хостгорӣ карданд ва ҷавоби «не» гирифта бузкаширо ба миён андохтанд, шарт монданд, ки ҳар кас тўю тамошо ва бузкашиву солиммониро гузаронад, ҳар чӣ хоҳад, бояд иҷро шавад. Ҷўгимўйсафеди қаболагӣ ба Умматқул гуфт, ки агар мо гузаронем, хоҳаратро ба писарам медиҳӣ, ту гузаронӣ, ҳар чӣ хоҳӣ, мо иҷро мекунем.
Ҷўгиёни Қабола тўи дабдабанок карданд ва буз доданд. Онҳо
1 барои охирӣ ба Қазоқистон рафта нор харида омаданд. Гоҳе ки мурдакаш охириро эълон кард, аз зери суми аспҳо дуди замин ба осмон печид. Ва зиёда аз як соат кашокаш шуд. Як марди телпакпўши ношинос таккаро то марра оварда партофт ва ҳама ўро «меҳмон, меҳмон» ном бурданд. Вале ҳоло ҳам Умматқул солими арзанда наёфтааст. Гилему қолӣ, соат, пул ва матои зиёде ҷамъ кардааст, аммо чизи дилхоҳаш иест. Ў мошин ва мотосикл мехоҳад, вале пеши райком ва раиси комиҷроия рафта ёрӣ пурсидан маъние надорад. Дасту дилаш хунук шудааст. Раис ҳам дар ин кор оҷизӣ мекашад. Вай давутоз карда, аз даст як мотосикли сечарха харид, вале мошин ёфта натавонист. Чунон дабдабааш баланд, ки гўё тилло ёфта бошад.
Ҳама чиз тахт шуд. Умматқул боз ба назди раис рафт, ки сар шуда тўйро гузаронад. Раис коргарҳои идораро даъват карда гуфт, ки сару по шуда меҳмонҳоро қабул кунанд. Ҷўгиён гўё та-

  1. Шутури сафед.
пешина
аз 429
навбатӣ