Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ҷўгиҳо аввал аз ронанда ибо карда хомўш мерафтанд.
Баъди он ки роҳ ним шуд, боз масъалаи бузкаширо байни худ бардоштанд ва чунон мағал шуда рафт, ки гапи ҳамдигарро фаҳмида наметавонистанд. Ронанда ду-се бор таъкид кард ва дид, ки нашуд, автобусро боздошта «Фуроед, ин ҷўгихона не!» гуфт.
— Ҳай кун, ҳай кун, пулатро мегирӣ,— гуфт кампири Чинӣ.
— Пули ҳароми шумо лозим не, фуроед!— сар ба пушт тофта фарёд зад ронанда.
Ҷўгиён гўё ки ба даҳони ҳамаашон мўҳр пахш карда бошанд, дам ба дарун гирифтанд. Хуни Умматкул ҷўшид, вале ба пағаҳои охирине, ки аз осмон беҳавсала ба замин менишастанд, нигариста худро тасаллӣ додан хост.
— Баччагӣ накун, ҳай кун, писар,— хоҳиш кард усто Нуриддин.
— Намебарам гуфтам, намебарам!
— Мо ҳам намефароем. То назди идораи райком мебарӣ, гапамонро мегўем, худат ҳам ҳамон ҷо истода мешунавӣ.
— Ман ба райком чандпула кор дорам?!
Дигар ба ў гап назаданд. Ронанда хеле интизор шуд. Дид, ки намешавад, мошинро ронд. Ҷўгиёнро ба дари райком не, балки ба як гўшаи шаҳр бурда фаровард ва аз онҳо пул ҳам нагирифта, сари ҷаҳл мошинро газ дода рафт. Пас аз пурсуҷў ҷўгиён барф зер карда, то идораи райком расиданд. Аз пеш ҷомадон дар даст Шариф баромад. Ба онҳо ҳамроҳ шуда ба идораи райком рафт.
Вале омадани ў ба Саидқул нафорид, ҳатто худро қафо кашида вохўрӣ ҳам накард. «Ту зувони инҳоро медонӣ, дурусттар гап зан:
фаҳмон, ки мо ҳам як линги малах шудаем, ҳоло ҳам ҷўгӣ гуфта таъна мекунанд, як бор тўй карданӣ шудем, бузкаширо манъ карданд», гап ёд доданд ба Шариф. Вале «ба бахташон» котиби райком набудааст. Ва ҳар вақт котиба аз дар сар бароварда дод мезанад. Ҷўгиён аз Шариф мепурсанд, ки ў чӣ мегўяд. «Мегўяд, ки интизор нашавед, райком намеоянд» мефаҳмонад ҷавон.
Ҷўгиён се рўз омада рафтанд, интизор шуданд, нам кашиданд.
Рўзи сеюм тоифаи дигари ҷўгиён назди идораи райком ҳозир шуд.
Онҳо ҳам бо ҳамин масъала назди райком омадаанд. Ҳарчанд котиба баромада мефаҳмонд, ки котиби райком бо ин кор машғул намешавад, пеши раиси комиҷроия равед, «ё ҳу, райкомро мебинем», мегўянд.
«Райком ҳафтаи оянда меоянд, гапатон бошад, ду-се нафар биёед, мешавад», гуфта котиба гўё бо ҳамин вазифаашро адо кард.
Ҳафтаи дигар ҳам онҳо кам наомаданд, хонахез омаданд. Ҷўгиёнро дар толор дароварда маҷлис гузаронданд, ки бузкашӣ мумкин нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо