Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Хуҳарак, мо ин ҷо гапшунавӣ наомадаем, коруборамонро монда омадаем. Вале он чи ту дар бораи гузашта мегўӣ, ҳоҷати гап нест. Инро ҳама медонанд. Худат ҳам мешудӣ, ҳамин хел рафтор мекардӣ: дар он солҳо падар ба писар ва писар ба падар расида наметавонист, ҳол он ки ту аз бегонагон гила мекунӣ.
Гуфтам-ку, ҳоҷат ба гила не,— дилашро холӣ карда ва якбора «омин» гуфта Эшон бархост ва дигарон ҳам аз паси ў ҳамон хел рафтор карданд.
— Истед, Эшонбобо, истед,— аз китфи ў боздошта фарёд зад Норҷон.— Инҳо ҳар чӣ гуфтан мегиранд, ман меравам, ман барои кўдакҳоям омадам...
— Кӣ ба ту кўдак медиҳад?! Ту маро ҷиннӣ нагардон, асабамро вайрон кардӣ, диламро ранҷондӣ, боз чӣ мехоҳӣ? Ман ба ту ҳама гапро гуфтам. Дигар гап надорам. Пеши ҳамин хешонат, саратро мегираму намегузорам, ки равӣ. Ту ҳоло қавли ҷўгиро намедонӣ, ту ҳоло пурра ҷўгӣ нашудаӣ, барои ҳамин... Хайр, ман пеши роҳатро намегардонам, рав, канӣ то куҷо меравӣ...
На танҳо Норҷону Райҳон хомўш буданд, ҳама: ҳам ҷўгиён ва ҳам меҳмонон хомўш буданд ва то андозае аз Адҳам тарс ҳам доштанд. Ва Норҷон баъд аз гапи Адҳам карахт шуд, наметавонист ба меҳмонон гўяд, ки раванд. Хеле истод, баъд дасту пояш ба ларза даромад. Хоҳараш ин аҳволи ўро пай бурда, зуд аз банди дасташ дошт ва баъд оғўш кард.
Ҳамроҳи Норҷон омадагон диданд, ки кор аз кор мегузарад, оҳиста пас гаштанд.
22
Умматқул аз Қабола баргашта аз паи тараддуди тўй шуд. Вале яқин кард, ки орзую ҳавасашро ба амал пайваста наметавонад.
Навбат, ки ба мо расид, «бале»-ро «бало» навишт, гуфтагӣ барин дар район буздиҳию бузкаширо манъ карданд. Умматқул қарзи мардумро гардонам, гуфта барои маслиҳат назди раис рафт. Раис ба вай маслиҳат дод: «Манъ бошад, беҳуда давутоз карда нагард».
Вале ин маслиҳат ба Умматқул нафорид. «Кӣ метавонад ин корро ҳал кунад?» пурсид Умматқул. «Фақат район» ҷавоб дод раис.
Умматқул ин гапро ба ҷўгиён бурда расонд, махсусан ба модараш Чинӣ. Ва онҳо бо маслиҳати Чинӣ аз боғоти Чилдухтарон саф кашида баромаданд. Ба назар чунин мерасид, ки ҷўгиён аз нав бор бастаанд. Онҳо ба роҳи калон баромада, автобусро қарор дода савор шуданд. Пағаҳои барф меборид. Пағаҳо мисли похсаи кампир ба рўи пешоина оҳиста фурў менишаст. Рўбандаҳои пешоинаи мошин шишаҳоро тоза мекард. Аз зери дастҳои онҳо садое бармеомад, ки гўё духтархонаҳо бо ҷорўб саҳни ҳавлӣ мерўфта бошанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо