Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Ин хел нагў, Адҳам. Чӣ ўро азоб диҳию чӣ маро... Ман ба рўи ў нигоҳ карда наметавонам...
— Ана барои ҳамин, барои он ки туро гум накунам, аз баҳри ў мебароям. Ман бе ту наметавонам. Ман медонистам, ки ту баргашта меоӣ, барои ҳамин ба ҷустуҷўят набаромадам. Агар намеомадӣ, қаландар шуда мекофтам...
— Ман омадам, ки баччаҳоро барам...
— Фақат баъд аз сари ман,— қатъӣ гуфта баргашт ва назди меҳмонон рафт. Дили Норҷон ҷиғ-ҷиғ мекард, ки ҳамин замон ягон гапи беҷо гуфта меҳмононро меранҷонад. Вале Адҳам баодоб рафта нишаст ва даст ба дуо бардошта омин гуфт ва хушомадед кард.
— Адҳам, худат ҳама гапро медонӣ, мо ба ин оҷиза ҳамроҳӣ кардем, ки дар раҳу рў сарсон нашавад.
— Ҳазор раҳмат ба шумо, Эшон-бобо!
— Акнун ҷавоби моро деҳ.
— Як пиёла чой мегиред, баъд меравед.
— Норҷон чӣ?
— Норҷон ба ҳеҷ куҷо намеравад. Вай бояд баччаҳояшро саробонӣ кунад.
— Набошад, ҷеғ зан ва ин гапро гўй, то мо хотирҷамъ баргардем.
Адҳам Норҷон ва ҳам Райҳонро ҷеғ зад, ки кор дар назди меҳмонон якгўю якрў шавад. Райҳон барои он ки аз асрори байни шавҳару хоҳараш огоҳ шавад, аввал назди Норҷон рафта гап гирифт ва баъд ҳамроҳ пеши меҳмонон омаданд.
— Ту ин ҷо мемонӣ, ё ҳамроҳи мо меравӣ? — ба Норҷон рў овард Эшон.
— Меравам, ман дигар ин ҷо монда наметавонам...
— Чӣ хел монда наметавонӣ?! Ҳамин қадар сол тавонистӣ, акнун наметавонӣ? Вақте ки ҷўгиён нони хўрдан надоштанд, ҳамроҳашон зиндагӣ карда тавонистӣ, акнун наметавонӣ?
— Гап дар ин не, инро ту намефаҳмӣ. Инро ман мефаҳмаму Райҳон, — гуфта Норҷон даст ба китфи хоҳар гузошт. Райҳон якбора ба ў часпид: гўӣ кафида фарёд зад:
— Не, намеравӣ, ба ҳеҷ куҷо намеравӣ! Саг бошам, агар монам, ки равӣ! Ба инҳо ҷавоб! Меҳмонҳои азиз, ба шумо ҷавоб!
Раҳмат ба шумо, ки моро ақаллан имрўз суроғ карда омадед. Агар он солҳое, ки моро ин ҷўгиёни «ноасил» пуштибонӣ мекарданд, суроғ мекардед, гап дигар буд. Вале ҳоло ҳеҷ аҳамият надорад.
Дар ин ҷо бурду бохт нест. Фақат мазза аз қайла гузаштааст...
Наранҷед аз ман... Ман ҳам ҳамаашро мефаҳмам, дигар ҷўгиён ҳам мефаҳманд, вале тир аз камон кайҳо ҷаста буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо