Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Биё, гапи рустӣ дорам,— нарм гуфт ў.
— Медонам, барои чӣ маро хона медарорӣ,— худро боз қафо кашида рад кард Норҷон.
— Медонам, барои чӣ метарсӣ.
— Не, наметарсам, бас...
— Ту маро девона накун, аз оламу одам набарор! Ман намемонам, ки ту дигар равӣ!— аз дасти ў дошта ва каме канортар кашид:— Норҷон, умедатро кан… Ба хона даро, гап дорам...
— Ҳамин ҷо гўй гапатро...
— Намешавад, ман бояд барои ту мурам... Ман туро нағз дида будам, Норҷон...
— Ман ҳам, Адҳам. Чашм кушода туро дида будам. Аз ҳама чиз даргузашта, ба ту расидам, вале ин тавр шуданашро гумон ҳам намекардам.
— Инро кӣ гумон мекард? Ман ҳам гумон надоштам, ки рўзе мерасад, ки ту қавми моро бегона ҳисоб карда, ба юрти худат меравӣ.
— Қисмати пешонӣ… Ман ба рўи хоҳарам нигоҳ карда наметавонам...
— Гапа кам кун, Норҷон, худатро кушӣ ҳам, намемонам, ки равӣ... Метавонам ҳозир меҳмонҳоро пеш кунам.
— Аз барои Худо, ин корро накун... Бо онҳо ҳазл накун, онҳо одамони андак не… Эшон-бобо-я!
— Одамони андак не, ман ҳам баробари онҳо ҳуқуқ дорам, гараждон шудам, вале ин ҳама гап будааст, ҳоло садҳо соли дигар лозим, ки ба сари худ кор кунем.
— Чӣ хел? Чӣ хел ба сари худ? — ҳайрон шуд Норҷон.
— Яъне, ҳар коре, ки мехоҳем.
— Барои ин колхоз шудан лозим набуд... Ва ҳеҷ кас дар замони мо худсарона рафтор карда наметавонад. Яъне рафтори беҷо ва ғайриинсонӣ.
— Ту нафаҳмидӣ.
— Фаҳмидам, ту аз колхоз шуданат пушаймон... Мехоҳӣ, ки мисли Худойқул рў панаҳ кунӣ... Ин хел бошад, ҳоҷати маро боздоштан нест, ман дар колхоз мондан мехоҳам... Колхоз барои ман – ҳама чиз: фикр бикунӣ, барои тамоми ҷўгиён. Моро одам кард: пўшонд, хўронд. Шиками гушнаамон сер шуд...
— Норҷон, ман нагуфтам, ки ту... ман нагуфтам, ки ман...
— Пеши меҳмонон рав, Адҳам, онҳо ба ту гап доранд.
— Лекин ман ба онҳо гап надорам, дониста мон, ки як даҳан аз рафтани ту гап кушоянд, ҳамаашонро зада-зада пеш мекунам.
— Боз ҳамин гапатро гуфтӣ, Адҳам.
— Ту гапро фаҳм, ман наметавонам. Хоҳӣ, Райҳонро сар медиҳам, вале туро намемонам, ки равӣ...

пешина
аз 429
навбатӣ