Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«— Не, вай аз ҳеҷ чиз наметарсад».
«— Метарсад» - гуфт Норҷон. Аз оҳанги гапаш бармеомад, ки ҳоло ҳам ба Адҳам дилкашолие дорад ва дилаш барои ў сўзад.
«— Барои вай дилат сўзад, нарав, апа».
«— Не, дили ман барои вай ҳеҷ намесўзад... Барои баччаҳо, барои ту дилам месўзад»...
Якбора хомўш гаштани атрофиён ва баъд касеро ном бурда «омад-омад» гуфтанашон хоҳаронро парешон кард. Онҳо ҳамдигарро аз оғўш раҳо карда, ба тарафе, ки ҳама менигаристанд, чашм дўхтанд. Норҷон он касро шинохт ва гўё наздиктарин касашро дида бошад, сари дилаш пур шуда ба чашмаш ашк ҳалқа зад. Баъд ба хоҳар нигарист. Ў ҳам гумон дошт, ки он мард барои Норҷонро тараф гирифтан омад. Вақте ки ҳама «Умматқул, биё» гўён як-як бо ў вохўрӣ карданд, Норҷон ҳамчун хоҳар ўро пурсупос кард. Ва баъд пай бурд, ки Умматқул аз ин воқеаҳо чизе намедонад.
Ба чашми Адҳам касе наменамуд: на меҳмонон ва на занҳо. Ў як зайл дар дил такрор мекард, ки Норҷон аз онҳо ҷудо шуда рафт ва ҳама сирру савдоро фош мекунад. Ҳатто байни худ баъзан бо як забони барои дигарон нофаҳмо гап заданашонро ҳам ба касе мегўяд, тарзи тўй ва муносибату серзанагиашонро ҳам ва дигар барояшон ягон чизи ниҳонӣ намемонад. Сабаби оташинӣ ва корд кашида шиштани Адҳам ҳам дар ҳамин аст ва боз чун Норҷон рафт, қавм ба сари Адҳам рез кард, ки ту мард шуда лаҷоми ўро кашида натавонистӣ, акнун ба сари мо об мерезад. Адҳам тайёрӣ дид, то ба ҷустуҷўи занаш мебарояд. Райҳон ҳам ин чизро аз ў хоҳиш кард.
Умматқул каме ўро аз банди хаёл озод кард, ў пайдо шуду Адҳам каме ба худ омад ва боз лаҳзае нагузашта, фаромўш кард, ки хоҳарзодааш наздаш омадааст.
Умматқул аз ҳоли тағояш чизеро пай набурд, вале дар ин ҷо одамони як деҳаи дурро дида ҳайрон шуд. «Шумо ҳам тўйхабарчӣ омадед?» пурсид ў. «Ҳа, Умматқул, омадем, ки ба тўи ту хабар кунем». «Тўи ман ҳоло дур, қариби зимистон», изҳор кард Умматқул.
«Чӣ фарқ дорад, тўйро пешакӣ хабар медиҳанд». Баҳс карданд, ҳақиқат маълум шуд: Умматқул имсол писарчаашро тўй карданӣ будааст ва барои ҳамин омадааст. Ў ҳамаро хабар кард, то баъд аз як моҳ барои маслиҳат раванд ва гўё кораш дар нимароҳ монда бошад, ба чои тағо ҳам нигоҳ накарда рафт. Ё шояд қиёфаи пургираҳ, муомилаи сарди тағо нафоридаш, ки зуд баргашт. Умматқул рафт. Адҳам ба худ омад. Ў акнун меҳмононро шинохт: Норҷонро дид, зани хурдиашро дид, ҳамаро дид, бо чашми каси ҳушёр дид.
Ба зани хурдиаш Райҳон фармуд, ки чой монад ва баргашта аз Норҷон хоҳиш кард, ки ҳамроҳи ў ба хона дарояд.
«— Не» — сар ҷунбонда рад кард Норҷон.

пешина
аз 429
навбатӣ