Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ту девона шудаӣ, он замонро, ки ту хар барин ғел зада аз ҳисоби занҳо тан мепарваридӣ, об бурд. Акнун ту баробари ҳар яки мо дар назди ҳукумат, Ватан ва халқ ҷавобгар ҳастӣ.
— Ман ҷавобгар-павобгар нестам, ман ҳамон ҷўгӣ, ҳамон Адҳам, ҳамон марди озод. Мисли Худойқул… Мекушам, гуфтам, мекушам! Дигар гап нест...
— Канӣ, Норҷона ҷеғ зан, ин кушад, мо бинем! Ин ҳоло бо собуни ман ҷомашўӣ накардааст! Аввалаш, барои тоҷикдухтарро дуздида зан карданат як бор ҷавобгар мешавӣ, дуюмаш, барои дузана буданат… Сеюмаш, барои корд гирифта ба мо ҳамла карданат...
— Эшон, ман ба дари хонаи шумо рафта ҷангро набардоштаам.
Шумо довталаб омадед ва барои ин шумо бояд ҷавобгар шавед, ин як. Дигараш, ки ман тоҷикдухтарро надуздидаам, ин ду. Ў бекасу кўй мондаст, апаам Чинӣ гирифта калон кардааст, калон, ки шуд, ба ман дод, ин се. Ин ҷо ман чӣ гуноҳ дорам?
— Гуноҳат зиёд, Адҳам. Гуноҳ надошта бошӣ, чаро Норҷон аз хонаат баромада рафт?
— Инро намедонам, рафтани ўро касе надидааст. Шояд бо палонҷаш гапаш гурехта бошад.
Дигарон ҳам наздик омаданд. Норҷон ҳам омад. Адҳам даст бардошт, ба вай ҳамла карданӣ шуд, вале ҷўгиҳои аз пасу пеш гирдомада ўро дошта, дастонашро тоб дода, каҷкордро кашида гирифтанд.
— Барои чӣ боз омадӣ, ҳаром?! — ба сўи Норҷон уштулум карда фарёд зад Адҳам.
— Ҳаром худи ту, барои ту наомадаам, барои баччаҳоям омадам.
— Кӣ бачча медиҳад, ки ту барӣ? Барои ҷўгӣ сад бачча кам аст...
Баччаҳои Норҷон пайдо шуда, ба миён ва банди поҳояш сахт часпида, баланд-баланд нолаю шеван карданд. Ва баъд Райҳон омада, ўро сахт оғўш кашида бўсаборон кард ва нарм-нарм дарди дил гуфт:
«— Нагуфтам, ки нарав, апа… Рафтӣ, Адҳам рўзи маро сиёҳ кард. Гўё ман бо ту муросо карда натавонистам, барои ҳамин ту рафтӣ. Ман медонистам, ки ҳамин хел мешавад, барои ҳамин ба ту ҳеҷ чиз нагуфта, ҳама гапамро дар дилам доштам... Омадӣ акнун?»
«— Не, ман боз меравам».
«— Нарав, агар равӣ, маро партофта нарав. Ту феъли ўро аз ман хубтар медонӣ. Ту равӣ, ба сари ман ягон бало меорад...»
«— Натарс, ҳеҷ кор карда наметавонад. Вай ҳам аз сари худаш метарсад».

пешина
аз 429
навбатӣ