Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Ба ҳар ҳол як рафта хабар гирифтан лозим, бобо.
— Худат меравӣ, гули бобош, дигар кас ин сирру савдоро намедонад. Ягон кас равад ҳам, бо ту меравад...
— Не бобо, ман равам, Адҳам мекушад. Агар донад, ки ман ба шумо ин гапҳоро гуфтам, аз сад ҷонам як ҷонам халос намехўрад.
— Хайр, ягон илоҷ меёбем, гули бобош.
Сари мўйсафед зиёдтар ларзид. Дастонаш ҳам. Гаштаю баргашта ба Самандар менигарист. Самандар ҳам ба ў менигарист, ки чӣ маслиҳат медиҳад.
— Ту меравӣ?— аз ҷавон пурсид мўйсафед.
— Рафтан даркор, бобо,— ба хулоса омад Самандар,— вале танҳо не. Чор-панҷ каси баобрў бояд равад.
Чанд нафар обрўмандони деҳа Норҷонро пеш андохта сўи Қабола роҳ пеш гирифтанд. Дар байнашон писари раҳматии Эшони Калонхон ҳам буд, ки ҷўгиён бештар аз ҳама ўро ҳурмату эҳтиром мекарданд.
Автобус дар сари роҳи калон бозистод. Ва Норҷон «ин роҳ наздик» гўён онҳоро аз байни пахтазорон сўи Қабола бурд. Дар саҳрои кушоду беохир ҷо-ҷо хонаҳо қад кашида буданд. Аз байнашон кўчабоғҳо мегузашт. Вале ягон ҳавлӣ девор надошт. Фақат ба назар мерасид, ки вотҳо ҳавлиҳоро аз ҳам ҷудо мекунанд.
Эшони Маъдихон фаши саллаи кабудчатобашро дастмол карда пешопеш мерафт.
— Эшонбобо, ана ҳамин ҳавлӣ,— ҳавлии бедарвозаро ишора кард Норҷон ва худро қафо кашид.
Онҳо наздиктар рафтанд.
«Ё дўст ё олло, садақа радди бало, ба қавли расули Худо» шўхӣ кард Эшон. Як ҷўгии сиёҳ аз рўи кати зери воиш сар боло карда нигарист. Вале шўхии Эшонро нафаҳмид.
— Хонаи Адҳам ҳамин?
— Ҳамин! — бархоста ҷавоб дод мардак. Пеш омад. Дар даст каҷкорде дошт.
— Ассалому алайкум! — одоб кард эшонзода Маъдихон.
Адҳам эшонро шинохта кордро пушти бар бурд ва наздиктар шуда алейк гирифт.
— Ваълайкум ассалом, Эшонбобо! — гуфт ў ва чанд нафарро пушттар дида, бозистод. Ва қаҷкордро мазбуттар дошта наъра кашид:— Не-е! Ман ўро зинда намемонам! Эшон, шумо беҳуда омадед... Ў ҳама сирри моро фош кард. Дар тариқати мо ин зайл гап нест. Дар мо сар мераваду сир не, ин чизро вай медонист...
— Ин чӣ хел меҳмондорӣ, Адҳам?
— Вақти меҳмондорӣ не, Эшон, вақти одамкушӣ!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо