Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ман як ҳафтаи аввал худдорӣ кардам. Ҷогаҳи мо ҳамон зайл буд: Адҳам андар миёна, мо аз ду канор. Вале пас аз як ҳафта ман паҳлўи баччаҳо гузаштам. Хоҳарам пай бурда боз сар ҷунбонд: «Медонистам, ин хел шуданашро медонистам».
Ман баччаи худро баҳона кардам, вале ў бовар накард. Ранҷид.
Ў нафаҳмид, ки ман гуноҳи худ, гуноҳи замон, гуноҳи қарибон ва гуноҳи ҳеҷ касро бахшида натавонам. Фақат як роҳ: метавонам қасди ҳамаи инро аз худам гирам. Ҳар коре кунам, бо худ кунам.
Ман нахостам, ки ба зиндагии ў халал расонам... Нашуд. Худро хеле омода кардам, то ба ҳама чиз бепарво бошам, лекин нашуд.
Охирин умеди ман ҳамин буд, ки ақаллан аз авлодамон ягон нишонаеро дида мурам, барои ҳамин ба ин ҷо омадам...
Пирамард ба фикр рафта буд. Самандар ашки чашмонашро пок мекард, вале намегирист, ки ҳаяҷонашро фош карда, пеши пои «ҷўгизанак» наафтад. Худдорӣ мекард...
Пирамард оҳи бадарде кашида ба гап даромад:
— Ҳа-а, ҳеҷ гап не, гули бобош, ин фалаки гардон ҳар корҳо дорад, ки ақли кас намегирад... Ин чизҳо барои ҷўгиён фарқ надорад, вале барои мо намешавад, дар ҳақиқат намешавад. Ҷўгиҳо матали «Лоҳ ва Луҳ»-ро ба ту гуфтагистанд.
— Не, нагуфтанд.
— Ҳазрати Иброҳим Намруд ном кофирро мусулмон кардан хост. Намруд тан надода, оқибат ҳазрати Иброҳимро дастгир кард ва фармуд, ки мисли кўҳ ҳезум ғун оварда оташ зананд ва бар теппааш ҳазратро гузоранд. Ҳезумро мисли кўҳ оварда, оташ заданд. Оташ аланга зад. Ҳазрати Иброҳимро болои кўҳи оташ партофта намешуд. Яке шайтон пайдо шуда илоҷи воқеа ҷуст: вай дар дўзах манҷанақро дида буд. Онро ёд оварда гуфт: «Манҷанақе месозед». Манҷанақ сохтанд. Вале манҷанақ ҳазратро болои оташ намепартофт. Шайтон чораи дигар андешид: «Дар ин вилоят аз тоифаи ҷўгиён Лоҳ ва Луҳ ном додару хоҳар ҳастанд, агар онҳо зери ин манҷанақ зино кунанд, манҷанақ мепартояд» гуфт. Намруд фармуд, Лоҳ ва Луҳро оварданд. Онҳо кори ношуданиро карданд.
Манҷанақ ҳазрати Иброҳимро болои оташ партофт... Аз ин ҷост,
1 ки мусулмонон ҷўгиёнро кофир меноманд, вале ҳоло фарқе намондааст. Ҷўгидухтарҳоро мегиранд, ба онҳо духтар медиҳанд.
Замона дигар шуд. На аз ҳазрати Иброҳим нишоне хасту на аз Намруд. Лекин ту чӣ андеша дорӣ, гули бобош?
— Ман ҳеҷ андеша надорам. Ғами фарзандҳоям, онҳоро рафта овардан мехоҳам. Ман дигар ба рўи хоҳарам нигоҳ карда наметавонам... Ягон кас лозим, ки рафта баччаҳои маро гирифта биёрад.
— Баччаҳои туро магар Адҳам медиҳад? Вай ҳам падар, хуни ҷўгигиаш гирад, ҳамаро зада-зада пеш мекунад.
- Ғайри дин.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо