Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Чанд вақт гузашту апам аз сағирхона гум шуд. Ўро бисёр кофтанд, вале дар ягон ҷо дарак наёфтанд. Даъвогар ки надоштем, ҳамин хел беному нишон шуда рафт. Аммо мураббияҳою коргарҳои детдом мўл кофта, наёфтанд. Баъд умедашонро канда, ҳукм карданд, ки ў гурехта номус карда, худро ба Зарафшон задааст... Ман хун гиристам. Оби чашмам онҳоро ҳам азоб дод... Ман азоб кашидам:
ба назарам, аз гуруснагӣ дида дару деворҳои сағирхона шумтар намуданд. Дигар он ҷо истода натавонистам. «Апамро ёфта диҳед!»
гўён фарёд задам. Онҳо азобро аз сари худ соқит карданӣ шуда маро ба хонаи баччаҳои Самарқанд фиристоданд. Он ҷо ки одам бисёртар буд, диққати маро зиёдтар кашид. Ҳам дар сағирхона ва ҳам дар кўчаю хонаҳо одамон зиёд буданд. Ман аз байни онҳо апамро меҷустам, сари кўча баромада, ба ҳар раҳгузар нигоҳ карда, гўё мепурсидам: «Апаи маро надидӣ?» Он рўз рўзе буд сахт. Ман дар суроғи ў оҳиста-оҳиста аз ҷои хобам дур шудам ва ба дасти ҷўгиҳо афтидам... Қисмат...
— Хуҳарам, хуҳараки ман, Райҳони ман!!! — палонҷамро ба оғўш кашида фарёд задам. Ў дар оғўши ман ҳайрон монда дилаш метапид.
— Не-е, ин хел шуданаш мумкин не! — худро фиреб доданӣ шуд ў. Ман боз ўро сахттар дар оғўш дошта гиристам.
— Ту хоҳари ман, ту ҷонаки ман, нишонаи яккаю ягона... Ту модари ман. Худои бурда туро бозовард. Ёфт шудӣ, дигар ба ман чизе лозим нест! — гуфта каме сарашро аз банди дилам дур кардам ва ба чашмону сару рўяш зеҳн мондам. Ў ба модарам бештар монанд буд.— Модараки ман, модараки ман! — гуфтам. Ў хун мегирист ва ҳама гапу ҳаяҷонашро мисли асрор фурў медошт.
Вале ман мисли шир дар дег нағунҷида ҷўшида мерехтам.
— Ман донистам, ки ту апаи ман, вале нахостам, ки ин сир ошкор шавад. Чаро маро маҷбур кардӣ, ки ин чизро ба ту гўям.
Ман аз нақли аввалат ҳамаашро фаҳмида будам, худро маҷбур кардам, ки фош нашавам. Ба ҳурмати Худо, нахостам, ки ту дар ин вазъият апаи ман бошӣ. Акнун чӣ мешавад? Акнун чӣ мешавад?!
— Чӣ мешавад? Ҳеҷ чиз намешавад?... Ту хоҳари ман, ту палонҷи ман, ту ҷони ман, ту модари ман! Барои ман дигар ҳеҷ чиз лозим не. Ту ёфт шудӣ, бас аст...
Ў маънидор сар ҷунбонд. Ман маънии сар ҷунбондани ўро нафаҳмидам, вале дилам ба як ранге фурў нишаст, ки худам надонистам чӣ буд. Ва аз ҳамон лаҳза дилам пас рафтан гирифт.
Гўё чизе дили маро аз сари сина ба тахтапуштам мекашид. Ва ин ҷозибаи ғайбӣ – кашиши таноби дил маро қайсар кард. Гўё ман як чизи қиматбаҳоеро ёфтам: онро пайдо карда тамоми чизи оламро бохтам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо