Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз модарам ҷудо гашта хоҳарамро гум карданамро ҳам гуфтам. Ў як қад парида хест ва боз аз чизе ҳаросидагӣ барин фурў нишаста гирист.
— Чаро гиря мекунӣ?— пурсидам аз ў.
— Не, ҳеҷ гап не,— сар ҷунбонд.
— Ту аз ман руст накун, ман ҳамаашро медонам,— гуфтам.
— Чиро медонӣ?
— Ҳамаашро. Медонам, ки ту ҷўгӣ нестӣ, туро ҳам мисли ман аз ягон ҷо ёфта овардаанд.
— Ҳамин хел мегўянд, вале худам намедонам. Хурд будам, аз кўчаи Самарқанд ёфтаанд.
— Боз аз ягон хона надуздида бошанд?
— Не,— ҷавоб дод ва ба гиря даромад. Ў сахт гириста худро ба оғўш партофт. Ман гумон кардам, ки аз бекасиаш ин корро мекунад. Баъд фаҳмидам, ки фалак ўро ҳам мисли ман кўфта талқон карда будааст. Ў чизеро дониста мегирист: ман ҳеҷ чизро надониста.
— Қисмат ҳамин будааст,— гуфт ў ва бо чанголи пахта ашкашро пок кард.
— Чӣ хел қисмат?
— Қисмат, тақдир. Худо. Худое, ки ризқи ҷўгиёнро ба рўи мардум пошид, моро ҳам ба он ҳамроҳ кард. Ин Худо ҳамту Худо...
Ман ҳайрон шудам, ки чаро ў гапро ин хел сар кард. Агар ҳамин хел шишта сўҳбатамонро давом медодем, бегоҳ аз ҳама гап мешунидем. Барои ҳамин пешдоманро ба қанор холӣ карда ба ҷўя даромадам, то на ў гап шунаваду на ман. Вале дасту дилам ба пахтачинӣ нарафт. Хостам донам, ки ин занак кист ва аз куҷост.
Вале ў ба ҷўгиҳо сахт аҳд карда будаст ё савганд хўрдаст, ки лом намегуфт. Ў сирро пинҳон дошта метавонист. Мисли ман ҳама гапро шарт-шарт намегуфт... Ман ба ҷону ҳолаш намондам. «Ёҳу, мегўӣ» гуфтам. Вай ба фикр рафт. Халтаю қанорҳо дар сари ҷўяҳои пахта ҳайрон монд. Ман интизор, ки ў чӣ мегўяд. Пас аз фурсатҳо ў ғурунгид. Маълум набуд, ки маро дашном медиҳад ва ё дигаронро мазаммат мекунад ва ё аз тақдир норозист. «Чӣ гуфт?» пурсидам. «Ҳеҷ чиз» сар ҷунбонд. Ва ман хеле аз ў хафа шуда сар хам карда нишастам, баъд зонуҳоямро ба оғўш кашида шеван кардам.
— Апаи Норҷон, ита накун, — ҷўгиёна гап зад. Ман ба гапаш гўш надода, зонуҳоямро сахттар доштам.
— Апаи Норҷон… ба худат мегўям, вале ту ба касе нагўй.
— Розӣ, — қавл додам.
— Апаи Норҷон, маро ҳам мисли худат аз деҳа гирифта ба сағирхона оварданд. Мисли худат ман ҳам апа доштам. Ақли ў ба баъзе чизҳо медавид, вале ман тамоман гўл будам.

пешина
аз 429
навбатӣ