Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Самандар чизе нагуфта бори дигар ба занак нигарист ва гўё ки ягон гапро тасдиқ мекарда бошад, сар ҷунбонд. Занак худро ноҳинҷор ҳис карда, дуздонда менишаст. Самандар яқин кард, ки вай ҳеҷ ба ҷўгӣ монандие надорад. Аз нигоҳи Самандар пирамард маънӣ гирифта ва ҳароси занакро бартараф карданӣ шуда ба гап даромад.
— Илоҳӣ, душмани қаттолро ба ин рўз гирифтор накун, ки аз ёру диёр дур шуда, зери таънаю маломат монад... Хайр, гули бобош, мана хешат омад, ягон гапат бошад, гўй, — ба Норҷон рў оварда гуфт мўйсафед.
— Ман ягон гап надорам, бобо, ман аз таънаи ў халос шудан мехоҳам. Намехоҳам, ки ҳар рўз маро «ту тоҷики бекас» гуфта таъна занад. Мехоҳам, ки ягон кас ҳамроҳи ман рафта, пуштубонам шуда, чизу чора ва баччаҳоямро гирифта биёрад...
— Чӣ шудааст, ки ин қадар аз ў ранҷидӣ? Хайр, тоҷикро тоҷик мегўянд, ҷўгиро — ҷўгӣ. Ин ҷои хафа шудан дорад?
— Не, бобо, сахт аст, дигар наметавонам. Ман соҳиби чор бачча шудам, магар ин осон аст, ки онҳоро партоию равӣ?
— Охир, ман надонам, ки масъала чист? Бачча, ки гўӣ, муросо кун. Нашудагӣ кор шуд, акнун ҷои гурез нест: ту зани вай, вай шўи ту.
— Ҳамин тавр, бобо, лекин ман буди гапро ба шумо бояд гўям: вай бар болои ман зан гирифт. Ман, ки таомули ҷўгиҳоро дониста будам, ба ин парво накардам.
— Медонам, охир, медонам. Мардакат, ки ҳамон Адҳам бошад, ҳамаашро медонам.
— Не, бобо, ҳамаашро намедонед, гап бисёр...
Онҳо хомўш шуданд. Пирамард ва Самандар ба даҳони занак нигоҳ мекарданд, то чӣ гўяд. Занак аз Самандар ранҷидагӣ барин ба ў эътибор надода ҳикоят кард:
— Ман палонҷдор шудам ва дере нагузашта аз тоифа ҷудо шудем. Аз афти кор, колхоз шудан ба Адҳам нафорид, барои ҳамин кўчида ба Қабола рафт. Гумон кард, ки дузана шуд, акнун бештар роҳат мекунад. (Аз колхозшавӣ бештар мардон норозӣ буданд). Дар Қабола ҳам ҷўгиён ба колхоз медаромаданд. Баъд фаҳмидем, ки дар ҳама ҷо ҳамин хел шуда будааст, ҷўгиҳо чӣ будани колхозро фаҳмиданд. Хурўс дар ҳама ҷо як хел ҷеғ мезанад. Адҳам, ки ба қавли худаш, ба Худойқул пайравӣ карданӣ буд, ноилоҷ монд. Дар он ҷо мо корро аз пахтакорӣ не, аз пахтачинӣ сар кардем. Ману палонҷам паҳлўи ҳам ҷўя гирифта пахта мечидем. Ман мушоҳида кардам, ки ў дар дилаш маддае дорад, вале ба касе намегўяд. Ман борҳо аз ў гап гирифтанӣ шудам, вале нашуд. Сахт буд. Мулоим карда-мулоим карда, рўзе ба ў арз кардам, ки набояд ту ҷўгии асл бошӣ. Ў ба гапи худ ва аҳди худ устувор буд. «Ман – ҷўгӣ» мегуфту бас. Ба ҷону ҳолаш намонда, саргузашти худамро гуфтам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо