Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Чой гиред,— хаёли ўро пароканд занак. Мардак чойро гирифт, пиёла дар дасти ў меларзид.
Чунон меларзид, ки ҳозир чояш ба замин мерехта бошад. Занак дароз шуда пиёларо аз дасти вай гирифта рўи дастархон гузошт ва «ба шумо чӣ шуд» гуфтагӣ барин сўи мўйсафед нигарист.
Мўйсафед аз нигоҳи занак маънй гирифта, сар ҷунбонд, ки чизе нашудааст. Дастони ў ҳама вақт меларзанд...
Офтобзард аз буни хона як кас намоён шуда боз худро пас кашид. Мўйсафед ўро надид, вале Норҷонро чашм ба ў афтида, ба мардак гуфт, ки касе аз гўшаи хона нигоҳ карда, худро пас кашид. Пирамард бархоста, оҳиста-оҳиста сўи дарвоза рафта аз кунҷи хона як қадам монда буд, ки садоеро шунид:
— Ассалому алайкум!
— Ваалайкум ассалом! — дар рў ба рў Самандарро дида алейк гирифт ў. — Биё писарам, чаро мегурезӣ?
— Нагурехтаам, бобо, каси ношинос будааст, ба қафо гаштам.
— Бегона не, ношинос не, хеши худат. Биё, баччем, биё! — пеш даромад пирамард.
Самандар мисли одами сўр худро қафо кашид, чунон кард, ки гўё занаки ношинос ўро мехўрда бошад. Чун пирамард бори дигар ўро хоҳиш кард, ки беибо дарояд, ў далертар шуда, аз кунҷи хона намуд ва оҳиста-оҳиста қадам монда омад. Занак салом гуфта хест ва пеш рафт, то бо ў вохўрӣ кунад. Яке дар ботини Самандар хурўше пайдо шуда гўё ба пеш тела дод. Низ даст ёзида вохўрӣ кард. Пас дар чеҳраи ў як симои шинос, як меҳрубонию назокатро ҳис кард, ки ба пурсупос даромад. Пирамард хоҳиш кард, ки онҳо шинанд. Ҷавонмард нишаста аз дил ҳазору як хаёлро гузаронд ва гаштаю баргашта зери абрў ба зан нигарист.
— Чой гиред...— пиёлаи чойро дароз кард занак.
Самандар як қад парида, ба худ омад ва пиёларо гирифта рўи дастархон гузошт. Боз хомўш монд.
— Абдусамад ба ту чӣ гуфт? — ба Самандар рў овард муйсафед.
— Ба деҳа мерафтаӣ, як хеши дурафтодаат ёфт шуда омадааст, гуфт.
— Ҳа, писарам, хеши шумо, ана ин кас.
Самандар боз ба занак нигарист ва ҳайрон шуда ба мўйсафед зеҳн монд, ки чӣ хел ҷўгӣ хеши ман шавад. Баъд пирамард бо чанд сухан фаҳмонд, ки ин занак ҷўгӣ не, балки холабаччаи ў
— духтари Холҷон аст. Солҳои қаҳтии ҷанг ба дасти ҷўгиҳо афтидааст, хонадор шудааст ва ҳозир аз онҳо хафа шудагӣ барин менамояд. Аз худи Қабола пурсуҷў карда омадааст, ки аз тухми хешовандонаш мондааст, ё не. Ман медонистам, ки фақат ту ҳастӣ, барои ҳамин одам мондам, ки биёӣ.

пешина
аз 429
навбатӣ