Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман духтари шуморо нағз мебинам. Лекин вай мегўяд, ки ба ту намерасам.
— Хайр, ҷавоб додааст-ку!
— Не, гап дигар, ин барои ҳо-о ана вай — шогирди почои Умматқул буд-ку, Шарифча, ана барои вай шуда, не мегўяд.
— Лаққигӣ накун, рав, бачча!
— Хайр, баъд гила аз худатон...

21

… Имшаб Норҷон мижа таҳ накард. Тамоми саргузашт ва умри рафтаро бори дигар аз лавҳи хотир гузаронд, вале касе наёфт, ки ҳикоят кунад. Шаби дароз дилаш ваҳм кард. Парешон шуда, аз сари девор мўйсафеди Муҳаммадиро ҷеғ задан хост, вале боз раво надид. Дергоҳ зонувон оғўш карда, баччаҳоро ёд овард. Аввал тақдири бад ва баъд шавҳараш Адҳамро нафрат хонд, сипас бархоста саҳни ҳавлиро гашт, палакҳои имрўз обдодаашро хабар гирифт. Барги дарахтони себу шафтолуро даст карда дид, ки дар баданашон нам омадааст ё не ва баъд паси девори ҳамсоя рафт.
Чанд бор даҳон пур кард, ки фарёд занад, натавонист. Баргашта рўи ҷогаҳ дароз кашид. Чашми рўз накафида сурфаи пирамарди ҳамсояро шунид, ҷаҳида хеста, зери чойҷўш оташ гиронд. Об ҷўшонда чой дам карда, бо лаби дастархон чойникро печонд ва интизор шуд, ки шояд мўйсафед ба чои пагоҳ ояд. Дами чой набаромада пирамард омад.
— Салом, гули бобош, имшаб читу хоб кардӣ?
— Нағз.
— Натарсидӣ?
— Не.
— Бале, гули бобош, бале!
— Шинед, чой дам кардам.
— Ин қадар барвақт? Ту ҳам саҳархез будаӣ.
— Ман хоб накардаам, бобо.
— Барои чӣ? Тарсидӣ?
«— Ҳа» — сар ҷунбонд занак.
— Ин хел ки будааст, чаро ҷеғ назадӣ?.. Ман гап назада рафтам, ки ту монда шуда омадӣ, бароҳат хоб кунӣ.
— Ман ҳам шумо бароҳат хоб кунед, гуфта ҷеғ назадам.
Мўйсафед ба ҷавоби ин гап як оҳ кашиду монд. Шояд гуфтанӣ буд, ки ман куҷою роҳат куҷо. Дидагиамро дидам, дигар талабе надорам, ё гуфтанӣ буд, ки барои мани бекасукўй роҳат чӣ лозим, хоб чӣ лозим? Ман ҳамдаму ҳамсўҳбат мекобам. Чаро маро ҷеғ назадӣ, чаро?! Ё шояд ба ҳоли занак раҳм кард. Ба ҳар ҳол ў сарашро хам карда ба фикр рафта буд. Аз афти кор, чӣ гуфтан ва ё ба ин занак чӣ некӣ карданро меандешид.

пешина
аз 429
навбатӣ