Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Чӣ кор кардам?
— Қариб ки Гавҳарро ба онҳо дода будӣ, — овозаш ларзида ва баччагона гуфт ў.
— Хайр, чӣ?— таги дили ўро фаҳмидаӣӣ шуд падар.
— Хайр, чӣ-ӣ!—Саидқул падарро талха дода рўй гардонд ва худдорӣ карда натавониста гирист, ба боғ рафт.
Духтарак паси хонаро давр зада аз байни дарахтони урён сўи ў рафт. Ҳаво хунук шуда рўи рўдбор ва боғоти Чилдухтаронро ғубор гирифта буд ва бўи барф меомад. Духтарак дастонашро зери бағал карда ба ў наздик шуд ва худдорӣ карда натавониста пурсид:
— Ба ту чӣ шуд, Саидқул?
— Қариб туро ба онҳо дода буданд.
— Хайр, чӣ?
Ҷавон мисли хирси пурхашм ба ў нигарист:
— Чӣ гуфтӣ?
— Чӣ фарқ дорад, мегўям.
Саидқул кашидаву кушода ба баногўши ў зад. Духтарак як калавид ва бари рўяшро дошта гурехтанӣ шуд. Ҷавон ўро сахт дошт ва дандонҳояшро зиҳ занонд:
— Ман ба ту гуфта будам, агар ба ягон каси дигар расӣ, мекушам. Мебинӣ? — мили камонро ба пеши чашми ў овард ҷавон.
Духтарак ўро тела дод ва аз дасташ раҳо шуда сўи хона тохт.
Саидқул аз паси ў тир парронд. Духтарак фарёд зада ба замин афтид. Ҷавон тозон омада худро паҳлўи ў партофт ва ҷунбонҷунбон кард:
— Натарс, ба боло паррондам, ба ту нарасидааст, натарс!
Дами духтарак дарун зад, ҳатто нафасгириаш маълум набуд.
Садои тир ва фарёди духтарро шунида ҷўгиён омаданд.
— Хез, шарманда накун, меоянд, — оҳиста ба гўши духтар гуфт ҷавон.
Гавҳар оҳиста сар бардошта, пешопеш омадани модарашро дида, якбора парида хест ва хандида ҷониби онҳо тохт:
— Фиреб кардам, фиреб кардам, — мегуфт ў.
— Ҳа фиребат сарата хўрад, қариб дилу гурдаам аз даҳонам омада буд! — модар гўши ўро сахт тофт: — Дар хона барои ту хостгор омадаасту ҳоло ҳам бозӣ мекунӣ.
Духтарак ранҷида сар хам кард. Дигарон аз роҳашон баргашта ба хона рафтанд. Пиразан Саидқулро сабабгори ин бозӣ дониста, рў овард:
— Саидқул, ин хел бозиҳоятро мон, ҷавони калон шудаӣ, ҳоло ҳам бозӣ мекунӣ, боз бо милтиқ!
— Холаи Чинӣ, ин бозӣ не, ҷиддӣ. Шумо намедонед-дия!
— Чиро намедонам?

пешина
аз 429
навбатӣ