Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

ин баъди Булўрро куштанаш ошкор шуд,— изҳор кард меҳмони мўйсафед ва ҳамроҳи миёнсолаш сухани ўро қувват дод:
— Ба ҷўгиёни «озод» касе кор надорад. Худойқул хеле марди доғулӣ аст. Ман як рўз бо ў ҳамсўҳбат шудам: гуфт, ки фақат аз пули ҳалқасозиам ду асп харидам. Мардум доро шудагӣ, ба зебу зинат бисёр аҳамият медиҳанд. Худойқул аввал чанд радиои вайрона ёфта аз сим ва рўдаҳои сурху сафеду кабуду сиёҳаш ҳалқаҳо сохта занҳояшро дар ба дар гардондааст. Баъд дидааст, ки ҳалқасозӣ дил танг мекунад, кўч бастааст.
— Усто Нуриддин, ё рафта рухсати оҷизаро аз ў пурсем? — сухани ҳамроҳашро бурида гуфт ҷўгии мўйсафед.
— Не, вай дар ин кор нуфузе надорад...
«— Садқат бишам, чӣ гуфта истодаӣ?» — қиссаи Худойқулро шунида омад Чинӣ.
Усто Нуриддин даступо хўрда чӣ гуфтанашро надонист, меҳмононро нишон дода гуфт:
— Умматқулро пурсида омадаанд.
— Умматқул ба район рафтагӣ, чӣ гап доред?
Меҳмонҳо ба ҷои ҷавоб ба Нуриддин нигоҳ карда монданд.
— А-а-а, шин, Чинӣ, — чӣ гуфтанашро надониста пиразанро ба нишастан даъват кард ў.
Чинӣ нишаст. Мўйсафед ба пиразан нигарист ва сар хам кард.
Гўё аз чизе ибо дошт. Чинӣ ҳам ўро шинохта боз хестанӣ шуд, вале усто Нуриддин «гап ҳаст» гўён ўро боздошт. Пиразан боз ба мўйсафед нигарист. Ў ҳайрон аст ва сабаби омадани онҳоро намедонад. Ў ин вақтҳо чанд рўймоли калонро болои ҳам баста бар сар лонаи лак-лак намесозад ва дар гирдогирди он ҳалқаву ангуштарӣ намеовезад, балки як қарси сафеди пахтагӣ ва пешонибанди чит дорад, як пиразани нуронӣ менамояд ва вақте ки ҷўгиёна паҳн-паҳн гап мезанад, дандонҳои зокзадаи сиёҳаш табъи касро хира мекунад. Дандонҳои ў сиёҳ бошад ҳам, то ҳол як дона наафтидааст.
— Хаайр!— хомўширо вайрон карда мад кашид усто Нуриддин ва боз ба пиразан рў овард:— Инҳо барои оҷизаи ту хостгор омадаанд.
Пиразан як ҳушашро ба ҷо овард ва дурусттар фаҳмиданӣ шуда пурсид:
— Ба кӣ?
— Ба писари мўйсафед.
Ҳамин вақт аз боғ садои тири Саидқул баромад, ки беҳуда ба ҳаво парронда буд. Пиразан ҳам чизе нагуфта бархоста берун шуд.
Меҳмонон хестанд. Саидқул худро ба нодонӣ зада дуртар рафт ва аспҳои онҳоро наовард. Вале ҳамин ки меҳмонон паси хона шуданд, Саидқул ба зери манаҳи падараш омада гуфт:
— Ту чӣ кор карда истодаӣ, ота?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо