Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Фан не. Ман барои ту ҷонамро дареғ намедорам. Фақат ту барои шў шуда худатро накоҳон. Падари ман бошад ҳам, одам не. Ҳамон вақтҳо ҳам маълум буд, ки фақат барои худаш зиндагӣ мекунад. Гапи ў — гап, гапи дигарон — чормағзи пуч... Дигар ў дар тўйҳо ҳам иштирок намекунад, ёфта наметавонӣ.
— Ман барои ў намеравам. Дигар ин ҷо истода наметавонам.
Садқат бишам, оча дорам гўӣ, бас.
Лабони Умматқул ларзидаид. Модарашро сахт оғўш карда гуфт:
— Намемонам, ба ҳурмати худо, намемонам... Писарам ба ту одат кардааст, ба ў кӣ нигоҳ мекунад?
Дасту пои Чинӣ суст шуд ва Умматқул ҳис кард, ки дар оғўшаш модар об шуд...
20
Ин дафъа тири Саидқул ба нишон расид. Ў хурсанд, барои он ки камонро солим монда буданд, вале воқеа чунин сурат гирифт, ки солими ҷўгиҳо дар ёнашон монд ва ҳам барои он ки аккаи аз саҳари баланд дар шохи дарахтони урён ғиш-ғиш кардаро парронд.
Баъд аз думи дарози вай дошта, ба сўи баччаҳо ҳаво дод. Баччаҳо аз қаноту пою думи акка дошта каш-каш карданд. Дар вақти авҷи бозии онҳо ду аспсавор ба сўи боғи Чилдухтарон омаданд.
Онҳо аввал усто Нуриддинро пурсиданд ва баъд Умматқулро.
Аз талаффуз ва садонокҳоро дароз-дароз гуфтани онҳо ҷўгӣ буданашон маълум мешуд. Умматқул дар хона набуд. Меҳмононро усто Нуриддин қабул кард. Саидқул камон ба девор такя монда, лаҷоми аспҳоро кашида ба дарахтон баст ва назди падар омад.
Ў ин мардҳоро нашинохт, вале падараш онҳоро хуб шинохт. Ин ду нафар дар Қабола манзил карда даставвал ба колхоз дохил шудаанд. Ва ҳозир дар тамоми республика ҳамчун шоликори номӣ шўҳрат доранд.
— Усто Нуриддин, шумо калону гарони тоифа ҳастед, гардан каҷ карда наздатон омадем. Барои оҷизаатон...
— Кадом оҷиза?
— Духтари Худойқул.
— Ихтиёри вай ба дасти ман не. Умматқул ҳаст ва баъд... намедонам, меҳмон... Ҳозир ба гўши Умматқул гап намедарояд.
Худойқули ноинсоф аспи ўро кушта гурехт, касе намедонад, ки ў дар кадом гўр зиндагӣ мекунад.
— Ҷои ўро ҳама медонанд-ку? Деҳаи Себакро аз байни кўҳҳо кўчонда ба водӣ фароварданд. Худойқул рафта, Себакро соҳиб шуд. Ду зан дорад, бачча дорад. Боз аз куҷое киҳоро ёфта ҳафтҳашт нафар шудаанд. Се асп бонӣ мекардааст. Чормағзу себи кўҳ ҷои гап надорад. Худойқул аз ягон тўю бузкашӣ намемонад. Ҳамаи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо