Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Булўр як сар бардошта ба сўи рўд нигарист.
Аз афташ, ё об мехост ва ё он марди ношиносу нокасро як бори дигар диданӣ буд. Баъд дандонҳои зардчагаштааш зиҳ заданд.
Дар рўи реги соҳил мисли як қаҳрамони ноҳақмурда дасту по ёзонда хоб мерафт.
Умматқул ёлу думи Булўрро бурида гирифт ва ҷасади онро ҳамроҳи чанд кас ба рўд андохта, зину бандро Рустамона ба дўш бардошта рафт.
19
Ҷўгиён мотам доштанд, давра нишаста сар ба сукут дода буданд ва андар миёна дум ва ёли Булўр меистод. Усто Нуриддин ҳоло ҳам сабаби ин фоҷиаро намефаҳмид. Умматқул ҳам кӣ будани ҷўгиро ошкор накарда мисли дигар тамошобинон «Ҷўгии латтабанд» ном бурд ва ба модараш ало нигоҳ кард. Кампири Чинӣ аз нигоҳи ў чизеро пай бурд, ки хеле таҳаммул карда нишаст ва оқибат тоқат наоварда рўй яктарафа карда хест.
Бод вазида тораҳои ёлу думи дар байни давра истодаро ларзонд, ба чашми Умматқул алангаи оташи шабҳои оворагардӣ расид. Ва ба хона даромада калтаку халта гирифта баромада паси хона гузаштани модарашро дид. Вале Гавҳар парида омада ба гўши бародар «Очам рафт» гуфт. Умматқул аввал ба гапи хоҳраш эътиборе надод, баъд замирашро барқе равшан кард, ки ҷаста хест ва паси хона шуд. Пиразан ба идораи колхоз наздик шуда буд.
Умматқул натохт, ки боиси ошкор гаштани воқеа шавад. Ў ба таги ҷари канораи рўд гузашта пеши роҳи модарашро бурид.
— Куҷо меравӣ? — ларзида пурсид ў.
— Ба куҷо рафтанам корат набошад, — тундгўӣ кард пиразан ва аз паҳлў гузашта рафтанӣ шуд.
— Сабр кун! Ту намедонӣ, ки аспи маро кӣ кушт.
— Донистам. Аз ало нигоҳ карданат пай бурдам. Ва ҳаминашро ҳам донистам, ки ў зинда будааст.
— Зинда, вале касе намедонад, ки ў дар куҷо зиндагӣ дорад.
— Модом ки дар тўйҳо хабар мекунанд, медонанд.
— Ўро касе хабар намекунад, худаш бўй гирифта меояд.
Пиразан як ларзид. Хост барои ин гап писарашро як торсакӣ занад, вале худдорӣ карда лаби зерашро сахт газид. Баъд калтак ба санги сиёҳи канори роҳ кашидаю кушода зад.
— Гард равем, оча,— хоҳиш кард Умматқул.
— Не, ман намегардам. Ман дигар очаи ту не. Ту ба ман чашм ало кардӣ.
— Чашм ало накардаам. Фақат зеҳн мондам, ки ту аз гапи ман ягон чиз пай бурдӣ ё не.
— Ман кўдак не, ки фан кунӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо