Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аҷиб, ки асп дар ҳеҷ ҳолат одамро пахш намекунад.
Ҷўгиҳои ба ҳам ношинос канда шуда дур рафтанд. Дигарҳо аз паси онҳо сур карданд, бозистоданд. Умматқул лаҷоми аспро сўи марра гардонд, то солимро бо ҳам бинанд, вале ҷўгии ношиносе латтабанд, ки сару рўяшро кас намедид, лаҷоми аспашро ба чап
— сўи рўдбор тофт, то мурдаро аз дасти Умматқул канда гирад.
Булўри хушлаҷом ҳам сўи ў гашт.
Баъд ҷуфти аспҳо дур рафтанд. Як пои ҷавона дар гиреҳу рикоби Умматқул ва пои дигараш дар чилбури дар кўҳаи зин гиреҳзада, ними мурда рўи замин кашол ва сараш ба сангу ноҳамвориҳо зада, ҷаста ба пои аспон бархўрда ва гашти онҳоро халалгор шуда, ба пои улавҳо мерафт: ба лаҷом гардонидани аспон халалгор буд.
Баробари азоби аспон ду тозандаро ҳишша гирифта буд. Ҷўгии латтабанд хунсард менамуд ва ягон даҳан гап намезад, нигоҳ ҳам намекард. Фақат аспашро тозиёна мезад, то мурдаро канда гирад.
Умматқул як ба марди латтабанд нигарист: мўйлаби сафед, бинӣ ва чашму абрўи ў менамуду бас. Чашмонаш фурў рафта буданд ва аз қаъри онҳо оташе барқ мезад. Ба бадани Умматқул мурғак давид ва як чизи сард алмос барин дилашро бурида гузашт. Ў мурдаро раҳо кардан хост, вале латтабанд ўро писанд накарда садо дардод: «Балота гирам, ҳайвони қадрдон, аз писар ҳам бовафо ҳастӣ!» Ин садо аз нав ғазаби Умматқулро овард. Боз пой ба рикоб тарангтар кард. Ҷўгии латтабанд дар болои зин ҷунбид.
Аспҳо баробар ба об даромаданд. Ҷўгиҳо чашм ба чашм шуданд.
Лабҳои ҷўгии латтабанд ҷунбиданд. Умматқул ўро шинохта саҳл монд, ки фарёд занад, вале ба ҷои фарёд пой аз рикоб кашид, то мурда ба ҷўгии латтабанд танҳо монад. Ҷўгии латтабанд ба қоши зин хам шуд. Баробари пой аз рикоб кашидани Умматқул Булўр шиҳа кашида, андаруни об чароғпоя гашт. Умматқул саҳл монд, ки ба об афтад. Дар як лаҳза рўи об пур аз хун шуд. Чунон ки наҳанг кушта бошанд. Булўр боз чароғпоя шуд ва Умматқул илоҷе карда лаҷоми онро ба рафти ҷараён тофта ба соҳил гардонд.
Ҷўгии латтабанд мурдаро ба об партофта худ рўди Зарафшонро гузашта рафт.
Умматқул аз асп фаромада бо кафи дасташ пайи кордро дошт, то хун наравад. Булўр ба ў ҳазор нафрат хонда, аз зўрии дард хез мекард, шиҳа мекашид, чароғпоя мешуд. Дар майдон як кас намонда, пиёдаву савора ба назди ў омаданд.
Булўр аз мадор рафта, афтид. Умматқул дар ҳаёташ аввалин бор гиря кард. Ҳамчунон ки кампири Чинӣ барои беномунишон шудани шавҳараш Худойқул мегирист, Умматқул ҳам барои Булўр сўхт. Қатраҳои ашки ў ба хуни Булўр омехта бо Зарафшон якҷоя мешуд. Булўр пойҳояшро дароз кард. Сарашро ҳам ба рўи рег гузошт. Сўрохиҳои биниаш ниҳоят фарох шуда буданд ва чашмҳояш аз косахонааш барҷастанд. Дар рўи сафедии чашмонаш як парда хун давид.

пешина
аз 429
навбатӣ