Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Булўр ба бозӣ даромад: асптози аввал аспашро аз тарафи буз тозонда ба буз хам шуда аспашро тозиёна зад. Умматқул лаҷоми Булўрро кашид. Асп истод. Умматкул боз «ҳу» гуфт. Булўр аз нав парид. Боз ба савори дигар дучор омад.
Соҳиби Булўр андаке лаҷомро ба рост гардонда буд, ки марди роҳзан мувозинаташро гум карда лаҷоми аспашро ба рост тофт.
Умматқул ба чап тофт. Ў ҳам ба чап гардонд. Ба рост, ба рост. Ба чап, ба чап. Умматқул то назди марра пешандоз карда бурд. Вале аз пас аспи дигар пуршаст омад... «Ҳалол! Ҳалол!» фарёд заданд тамошобинон, ки ҳеҷ гоҳ ин хел ҳилла ва бозӣ кардани аспро надида буданд. Вале он асптоз ҳам шуда бузро доштанӣ шуда буд, ки Умматқул лаҷоми аспашро сахт кашид. Асп чароғпоя шуд ва аспи шафатомада гузаро шуда рафт. Ҷавонҷўгӣ бузро партофта ба тарафи девонбегӣ рафт.
Имрўз Умматқул ба китфи рост хестагӣ барин, аспаш болоболои ҳам буз овард. Баъд аспашро ба канор бурда хунук кардан хост.
— Бародар, ба аспат чанд мепурсӣ? — назди ў омада пурсиданд чопандозҳои ўзбекистонӣ.
— Намефурўшам.
— Агар розӣ бошӣ, бо «Москвич» иваз кунем,— машварат мекард бригадири деҳаи Ҷари Сурх.
— Не...
Дигар ба ў кордор нашуданд.
«Ҳў-ў, охирӣ ҳў-ўй! Ҳў-ў аз номи бригадаи ҷўгиҳо сад сўм пулу як камон ҳўўўй!!!» — фарёд зад мурдакаш. Вале ин дафъа ба ҷои буз мурдаи ҷавонаро мебурд. Ва аспи ў базўр мекашид.
«Ана акнун бозӣ мешавад» гуфтанд одамон. Умматқул пуштанги аспашро таранг кашида савор шуда рафт. Булўр дар роҳи ҳамвор пеши по хўрда ба зону зада хест. «Чашм расид чӣ?» аз дил гузаронд ў ва ёлу гардани аспро сила кард. Булўр як кишна карда лаҷомро ҷунбонд ва ба тўда наздик шуд. Умматқул пошна зад, то асп ба тўда дарояд. Булўр як пеш рафта аз чизе ҳаросида, боз пушт омад. Умматқул ин дафъа «ҳа, ҷонвар!» гўён пошна зад ва моли асил борик шуда, то болои мурда рафта бозистод. Умматқул хам шуд, вале мурда пеш лағжид. Касе онро кашола кард ва зўраш нарасида бозафтонд. Булўр қадаме пеш монд. Умматқул боз хам шуд ва пои ҷавонаро дошта тасмаи рикобро як печонд ва пой ба рикоб дароварда «ҳу!» гуфт. Ҷасади вазнини мурда каме ҷунбид ва аспҳо имкон надоданд, то Булўр барояд. Пои Умматқул таранг шуд. Дид, ки аз чанд тараф ҷавонаро мекашанд.
Ҳама аспҳои тўда баробар ҷунбиданд. Баъд аспи ҷўгии латтабанд паҳлўи Булўр ҳозир шуд. Онҳо мисли як ҷуфт барзагов мурдаро ба як тараф кашиданд. Пуштанги аспи бузкаше канда шуду худи ў бо зину банд ба зери пои аспҳо афтид, вале наъли аспе ба ў нарасид.

пешина
аз 429
навбатӣ