Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соли дуюми ба майдон баромадани Булўр буд. Ҳолиё аспбозе, тамошобине ва ё паҳлавоне набуд, ки дар боби ҳунарҳои Булўр сифате накунад. Махсусан, имрўз дар иди ҳосилот Булўр мисли Рахши Рустам ҳунар нишон дод. Дар тўда он қадар асп зиёд буд, ки бузро баровардан имкон надошт ва аспҳое, ки берун монда буданд, худро даруни тўда гирифта натавонистанд. Вале Булўр чун пошна задани соҳибро дар паҳлўҳояш ҳис кард, мисли рўбоҳ борик шуда, сар хам карда аз байни аспҳо роҳ меҷуст. Дар як тўда Умматқул се бор бузро аз замин хам шуда гирифт, се бор ҳам аспҳо бузро сум карда аз дасти ў афтонданд. Паҳлавонҳои номдори аз республикаи Ўзбекистон омада ҳам ҳоло ҳунар нишон надодаанд. Зеро дар ин тўй «ҳама гуна ҳилла ҳисоб» гуфта эълон карданд. «Ҷунбид-ҷунбид!» садо доданд тамошобинон. Аспҳои зиёде гала шуда, инон ба инону по ба по майдонро давр заданд.
Оҳиста-оҳиста аспҳо кам шудан гирифтанд. Дасту пои таккаи сиёҳ дар ҳалқаи чилбур афтида буд. Чаҳор асп монд, ки ба чаҳор тараф зўр мезад. Аз куҷое як зоғ ҳам пайдо шуд...
Оқибат буз дар байни ду асп монд. Тамошобинон «Танк, Танк, балота гирам, Танк!» гўён фарёд заданд. Соҳиби аспи кабудча лаҷоми аспашро гардонд. Аспи ў мисли наҳанг нимдоира гашт ва аспи ҳарифро кашола кард. Доди мардум баланд шуд. Аспҳо ҳампо шуда натавонистанд. Танк аспи самандро ба паҳлў кашид, баъд соҳиби асп ноилоҷ чилбурро кушод.
«Ҳў-ў чилбур ва гиреҳ ҳисоб не-её! Аз номи бригадири колхоз панҷоҳ сўм пул, ҳў-ўй!» фарёд зад мурдакаш. Савораҳо аз паси ў равон шуданд. Ў дур рафт. Лаб-лаби шохоби рўд рафт ва дар регзор мурдаро партофта баргашт. Аспҳо тўб шуданд. Кашокашии зиёде шуд ва ҳеҷ не, ки буз ба марра расад. Аз афташ, бозӣ авҷ накард, ки мурдакаш мурдаи дигарро ба тарафи муқобил бурд.
Аз паси ин буз аспҳои нисбатан камқувват ва аспҳои хунукшуда рафтанд. Вале тўдаи аввал дуд кард. Аспи ҷўгӣ пуршаст баромада дур рафт. Буз аз дасти ҷўгӣ афтид. Боз аспҳо тўда шуданд. Садои Умаралӣ баромад, вале аспи ў ҳам канда шуда рафт. Аз байни туда сари Булўр намоён шуд. Баъд чаҳор наъли пои ў дар офтоб ҷило доданд. Гўё ба замин расидани пои Булўрро касе намедид.
Ҷилави Булўр ба рўи гўшҳояш фаромада буд. Асп ба як ҳукм мерафт ва Умматқул мурдаи вазнинро дудаста дошта «ҳу» мегуфт.
Булўр роҳашро дигар накарда рост рафт. Рост ба рўи кўлмак давид ва ба тамоми шаст пешпо хўрда афтид. Умматқул аз болои сари асп парид. Фарёди баланди мардум мисли хурўси гулўяшро шағолдошта якбора фурў монд. Асптозҳо асп монда омаданд..
Вале асп хест ва Умматқул аз нав савор шуд. Ў хам шуда аз даруни об бузро бардошт. Булўр боз пеш давид. Вале дар сари роҳ полвонҳо аспҳояшонро уреб дошта шасти Булўрро гардонданӣ шуданд. Умматқул илоҷе карда бузро зери рон овард ва инони аспро ба даст гирифт.

пешина
аз 429
навбатӣ