Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ва ҳардуи инро «ҳунари мард»
номанд. Махсусан ба мардуми кўҳистон гап ва ҳавои даҳан як пул аст. Бояд ҳунар нишон дод ва ақаллан тамошо кард. Дар ин ҷо ба майдон баромадан ихтиёрист. Касе дигареро маҷбур намекунад ва рад ҳам. Ва як кас барои каси дигар ҷавобгар ҳам нест. Агар рагу паи дасташ аз рагу паи пои бузи мурда камқувватӣ кунад, ў вақти кашокаш сар медиҳад. Ва рафту мардонагӣ карда то канда шудани раги даст ва ё баромадани шонаи китф истодагарӣ кунад ҳам, касе ҷавобгар нест. Гўш, рон, даст ва ё гардану китфи ў ҳангоми худро ба тўда задан зери дандонҳои аспи газандае хуншор шавад ва ё тозиёнаи ба сари асп зада ба рўи ў расида, кафад ҳам, касе ҷавобгар нест. Умаралӣ як гўшашро ба даҳони асп дод, вале ҳоло ҳам буз мекашад ва дар куҷое овоза ва ё хабари бузкаширо шунавад, меравад. Ва ҳамин қадар айб дорад, ки аспро зуд аз кор мебарорад. Бераҳмона метозад. Ба ҷонварон ҷабр мекунад.
Ва гоҳе ки беҳтарин аспҳоро ба Яздон-полвон пешкаш мекунанд, ў ҳайрон мешавад. «Шўҳрати ҳар дуямон-ку баробар, чаро ба ў аспашонро пешкаш мекунанду ба ман не?» савол медиҳад ба худ, вале айби худро дарк намекунад. Зеро айб зуд паси сар мемонад.
Махсусан, вақте ки Булўр ду маротиба пайи ҳам бузро бароварда як гилему як гўсфанд гирифт, Умаралӣ зиёдтар ба андеша рафт.
Шояд ғаразу бадбиниҳо аз ҳамин дақиқаҳо сар занад, вале ин ҷавонмард марди майдонро хуб медонист ва лозим шавад, ҳам ба гуноҳи худ ва ҳам ба зўрии ҳариф тан медод.
Шўҳрати Булўр ҳам аз ҳамин ҷо сар зад. Баъд дар гирди Умматқулу аспаш аспбозони зиёде ҷамъ омада, харидор шуданд. Вале Умматқул гуфт, ки ман ин аспро ба нияти писарам харидаам, гўё ки Булўри ў ҳеҷ пир намешуда бошад. Баъд аз ин ба худи ў ҳавасе пайдо шуд, ки асптозӣ ва бузкашӣ кунад. Дар тўйҳои хурд ва гирду атроф, ки асп кам меомад ва полвонҳои номӣ чандон талош намекарданд, Умматқул ҳам Булўрро ба тўдаҳо мезад. Ва баъд ончунон меҳри бузкашӣ ба дилаш ҷо шуд, ки мисли Умаралӣ дар тамоми бузкашиҳо иштирок мекард: дар «харулоғ» ҳам мерафт.
Вале ў ҳиллаву найранг, қоши зин гардондан, гиреҳу чилбур ва пушти поро намедонист ва мисли Умаралӣ вазнашро ба як тараф партофта, як по рўи зин истода бо тамоми қувват бузро аз дасти ҳариф кашида гирифта наметавонист. Рафту бузро аз замин бардорад ва аспаш доноӣ карда тез давад, бузро сари даст меовард, ки ин ҳалолтарин шакли бузкашӣ ҳисоб мешуд. Акнун Умматқул аспашро ба ягон полвон намедиҳад. Худаш феълу хўи Булўрро гирифта, онро хеле хушлигом карда буд. Ин ҷавонмарди қаиши қоматбаланд оҳиста-оҳиста тамоми ҳиллаву найранги санъати бузкаширо омўхт: ҳам ба пеши пои асп сар нишеб карда бузро бардоштан, ҳам дар як тарафи асп вазн андохтан ва ҳам пуштипою қоши зин гардондану чилбур кор фармуданро ёд гирифт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо