Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тўда ҷунбид. Кадоме «Боз ҷўгӣ!» гуфт. Ҷўгии сару рўяшро бо фўтае баста дар тамоми тўдаҳо иштирок мекард. Сари аспи ў аз тўда пеш баромад, вале ҷўгӣ ба пас нигоҳ кард: «Ҳу, чу!» мегуфт.
Баъд маълум шуд, ки ҷўгӣ лаҷом мекашад. Ў аспи худро тозиёна зад. Ва бо ду-се силтав Булўр аз тўда ҷудо шуда баромад. Дар нўги пои Полвон як пои такка пушти рикоб гашта буд ва сари такка ба сангҳо зада меомад. Ҷўгии ношинос лаҷом мекашид ва акнун Булўр аз аспи лаҷомкаш пеш гузаштан мехост. Онҳо то марра расиданд ва ҷўгӣ лаҷоми Булўр раҳо карда баргашта рафт.
Усто Нуриддин рафта солимро нагирифт. Баъд Полвон аспи ўро оварда гуфт:
— Рафта солимро гиред.
— Не, Полвон, аз шумо.
— Човандоз фақат пул мегирад, вале мол аз они соҳиби асп...
Аспро хунук кунед ва ба ҳар даст надиҳед,— гуфт Яздон-полвон ва ба аспи сафеде савор шуда рафт.
Усто Нуриддин аспро лаҷом кашида ба гўшае бурд, пуштангашро суст кард ва ба гирди худ давр занондан гирифт. То дами хушк шудани нами бадани Булўр ва то шошиданаш давр занонд.
Баъд лаҷом кашида омад ва пуштанги онро таранг карда ба Умматқул фармуд, то савор шавад. Умматқул ба асп савор шуд ва якка-якка сўи тўда рафт. «Охирӣ, ҳўўўй!» фарёд зад мурдакаш. (Ин охирии аввал буд, ки ҳар кас барорад, бузи то ин вақт тохтаашонро мегирифт ва боз то анҷоми бозӣ ду охирии дигар монда буд.) Умматқул тохта натавонад ҳам, барои тамошо ба тўда наздик шуд ва яке аз байни тўда фарёде баромад. Баъд ҷунбиданд, тез гаштанд, лўкка гирифтанд ва тохтанд. Ҷўгӣ бузро якка карда баровард.
Мардум аз пиллаҷо қиғ гуфтанд ва асп рост ба овоз нигоҳ карда тохт. Ин ҷўгимард дар бузкашӣ ва асптозӣ дар байни тўякиҳо ва тамошобинон шўҳрати зиёд дошт, вале касе намедонист, ки ў аз кадом тоифаи ҷўгиён аст ва чӣ ном дорад. Фақат вақте ки ў бузро мебаровард ва аспи одаткардаи ў ба қиғу фарёди мардум нигоҳ карда метохт, «буз дар ҷўгӣ» ва ё «аспи ҷўгӣ баровард» мегуфтанд.
Умматқул хост рафта аз он ҷўгӣ хоҳиш кунад, ки аспи ўро як даст тозад, вале сухани Яздон-полвон ба ёдаш омад ва аз нияташ гашт.
Фурсате нагузашта худи Яздон-полвон ба назди ў омад. Умматқул хоҳиши ўро интизор нашуда аз асп фаромад. Полвону Умматқул аспҳояшонро иваз карданд. Булўр ширин йўрға карда рафт.
Аз осмон пағаҳои похсамонанди барф фаромад. Он қадар ба ин манзара мос омад, ки ҷои гап не, гўё дар ин манзараи зебо, майдони санъаткорони миллӣ ва аҷдодӣ фақат ҳамин чиз намерасид: барфи сафед. Бузкашҳо ва тамошобинони сару тани дуруст пўшида чунин ҳаворо дўст доранд. Ба қавли онҳо бузкашӣ ва шикори кабк дар барф хуб аст: ё зери пой барф бошад ва ё барф рехта истад. Ба мардуми мо ду санъати зўру ҳунар хеле писанд омадааст: бузкашӣ ва гўштигирӣ.

пешина
аз 429
навбатӣ