Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Вале Умаралӣ ба гардани аспи сиёҳаш тозиёпа зада, «Ҳу!» мегуфт.
Яздон-полвон бо Булўр роҳи ўро мепоид. Чун ў наздик омад, инони Булўрро ба роҳи омади аспи сиёҳ рост карда тозиёна зад.
Булўр баробари аспи сиёҳ тохт. Чун ҷилаваш ба тарафи сари аспи сиёҳ тофта шуд, Булўр ҷафс шуда, вазн ба он асп партофт.
Полвон хам шуд, ки аз ягон ҷои буз дорад. Умаралӣ бузро ба тарафи чап гирифт. Полвон ба рўи гардани аспи ў хам шуд ва дасташ ба буз расид. Умаралӣ ҷилави аспро ба чап нимдоира гардонд. Вале Булўр, ки ҷилаваш сар додагӣ буд, рост рафт. Ва полвон зуд ҷилави онро тофт. Булўр боз ба аспи сиёҳ шафат шуд.
Ин дафъа аз тарафи чап омад ва Умаралӣ фурсат наёфт, ки бузро ба тарафи рост гирад.
Полвон боз аз пои буз дошт. Фақат данг будани аспаш ба Умаралӣ имкон намедод, ки мурдаро ба марра расонад. Полвон як назар дид, ки Умаралӣ дар ғазаб шуд, ба сўяш хандида гуфт:
«— Умаралӣ, ту хафа нашав, ман ин аспро месанҷам!»
«— Чапандозӣ ҷои хафагӣ не, ако, тавонед, гиред!» Ба Полвон ин гап сахт расид. Булўр он қадар ҷафс шуда буд, ки пои ҳар дуи онҳо аз соиши тани аспҳо дард ёфт. Полвон хам шуда ва пеш ёзида таккаро бемалол оғўш карда гирифт ва узангу гардонда, ба қоши зин андохт. Умаралӣ ҳам он қадар сахт бастааст, ки аспҳо вазни якдигарро мекашанду буз ҷудо намешавад. Аспҳо ду бор гирди марраро давр зада рафтанд. Мардум аз сари ҷар ва шохи дарахтон фарёд мезаданд: «Чилбур ҳисоб не, гиреҳ ҳисоб не, фақат сари даст!» Умаралӣ аз фарёди тамошобинон шерак шуда боз тозиёна зада «Ҳу!» гуфт, вале зинаш каҷ шуд. Ў худро ба тарафи рост гирифт, то мувозинатро дорад. Ҳамин вақт Полвон мурдаро сар дода «Ҳаққу ҳалол аз они ту» гуфта, лаҷоми аспро ба пас гардонд.
Булўр якка-якка қадам монда паст рафт. Нафасгирии Булўр тез шуд. Полвон онро хом гумон кард ва ба паси гўшаш нигарист, ки ҳоло тар нашудааст.
Мурдакаш фиғон бардошта омад: «Ҳў-ў-ў як намаду як такка аз номи боҷаи тўйгар, ҳўўўўй!».
Мурдакаш хеле дур рафт ва аз паси ў нафаре асп монд, то баробари таккаро ба замин партофтан, бардошта сари аспашро ба сўи марра рост кунад. Вале мурдакаш таккаи навро ба замин напартофта барои тамошо худаш боз гардонда оварданӣ шуд, лаҷоми аспро сар дода тозиёна зад. Вале дар нимароҳ аспи лаванди ўро доштанд. Ў дар миёнаи аспон монд ва мурдаро ба замин партофт. Аз нафаси аспон ва бузкашҳо болои тўда тумане пайдо шуд. Тўда як меҷунбид ва бозмеистод. Аз афти кор, таккаи вазнинро бардоштан хеле душвор буд. Ва ҳар кадом мехостанд, ки пои таккаро пушти по гардонда баъд аспашонро тозиёна зананд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо