Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ва ҳар боре ба бузкашӣ мерафт, усто Нуриддин хоҳиш мекард, ки зинҳор ба зинҳор аспро ба тўда наандозад, хомдарид накунад. Пирамард онро ба яккамех қантар мекард, ҷилав кашида лабҳои об мебурд, дар регзори соҳил ва байни шохобҳо хунук мекунонд, баъд савор шуда меомад. Ў аввалин бор ба асп тозиёна зад, то тезтар гардад, йўрға гиронд, тозонд. Дар паҳлўяш пўстак кашол карда тозонд, то аз буз нахўсад. Пўстакро рўи рег партофта аз дур асп тозонда омад ва дар назди пўстак ҷилав кашид. Булўр аввалҳо ду-се қадам гузаро мешуд. Ва чун сахттар ҷилав кашид, дар назди пўстак таққӣ истод.
Пирамард хам шуда пўстакро бардошт ва пошна зада «Ҳуу» гуфт.
Асп майли тохтан кард. Баъд ў пўстакро ба қоши зин бардошта, тозиёна зад. Булўр парид. Пирамард дави онро дида, худ аз худ номи аспро «Бодпо» монд. Вале аҷаб, ки пирамарди дар умраш аспу аспбозиро надида ин хел машқҳо мекунаду як бор ҳам дар бузкашиҳо Булўрро ба тўда намеандозад?
Дар колхози ҳамсоя як тўи калон шуд. Нуриддин ба хараш савор шуда ҳамроҳи Умматқул рафт. Умматқул ҷавонмарди пурқувват бошад ҳам, аспсавориро хуб намедонист. Бинобар ин Нуриддин ба назди асптози номдор Яздон-полвон рафта хоҳиш кард, ки аспи ўро як даст тозад. Полвон ба қомати зебо ва пештанаи пурра, шиками кашидаву борик ва чашмони хеле зиндаи асп нигоҳ карда, аз аспаш фаромад ва пуштанги Булўрро аз нав кашида, савор шуд. Ў аспҳои зиёдеро савор шуда, дар бузкашиҳо зафар ёфтааст ва чун буз аз дасти дигарон ба қоши зини ў гузашт, дигар ҳеҷ кас ба ў шафат намешавад ва аспи зери пои ў мурдаро озод бурда ба пиллаҷо мепартояд. Булўр хеле ба ў хуш омад.
Мисле ки мошини кўҳнаи ўро гирифта ба вай мошини нав дода бошанд, полвон аз паси мурдакаш, ки «Ҳўў, аз ҷониби бобои соҳибтўй бисту панҷ сўм пул ва соати кисагӣ солим, ҳў-ў-ў-ўй»
гўён ҷор андохт, нарафт. Балки савори Булўр як давр зад ва омада дар сари роҳ истод. Аз дур тўда ҷунбид. Тамоми аспҳо пеш рафтанд. Боз тўда истод. Мурда зери пои аспҳо монда буд. Полвон хост асп монда равад, вале худдорӣ кард. Тўда боз ҷунбид ва зуд аспҳо пароканда шуданд. Аз чор пои такка дошта буданд. Аспҳо ба тарафи марра рў оварданд, вале яке аз бузкашҳо ҷилави аспашро ба тараф тофт, то бузро канда гирад: дигар аспҳо низ ба он тараф рафтанд. Баъд бузи сарсахту пўстсахт, ки кушта, се рўз боз дар об тар карда буданд, дар байни ду бузкаш монд. Ҳар ду ҳам аспашро тозиёна мезад. Аспҳо баробар метохтанд, вале пуршаст рафта наметавонистанд.
«Ҷўгию Умаралӣ!» гуфтанд тамошобинҳо байни худ. Яке аз дилу ҷон гулў дарронда «Ҳу!» гуфтани Умаралӣ баромад ва аспи сиёҳи ў ду-се зўр зада канда шуда ба пеш рафт. Ҷўгӣ аз қоши зин як пои канда шудамондаи бузро гирифта ба ҳаво партофт ва тозиёнаро аз байни дандонҳояш гирифта қоматашро рост кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ