Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Ба ҷои ман дигар кас мешуд, туро сар мезад.
— Ту девона, ту. Ман чӣ кор кардам, ки сар мезанад?
— Ман ҳамаашро медонам, ҳамаашро дидам. Лек ба ҳеҷ кас чизе нагуфтам. Агар вай ба ту даст мерасонд, рафта ҳар дуятонро мекуштам.
— Э гум шав! Дигар ба ман гап назан!
— Ист! Ба китфи ман ягон чиз банд. Дард мекунад.
— Ҷазои ту ана ҳамин, ма, худат банд,— гуфт духтар ва рўймоли сарашро партофта рафт.
Саидқул чизе нагуфт ва рўймоли ўро помол карда гузашт.
18
Рўзгори ҷўгиён обод мешуд. Акнун онҳо бо халқ ҳамроҳ буданд, дар корубор ва дар тўю азо. Умматқул бузкашиҳоро дида ҳаваси асп кард ва як тои сесоларо харида овард. Писари яксолаашро бардошта ба рўи ёли асп каме дошт, той дар гарданаш сарборӣ дида, кишна кард. Писарча ҳаросид. Умматқул хандида ўро бозгирифт. Тойро ба гирифтан гирифту баъд пушаймон шуд. Барои ба вай нигоҳубин кардан вақт надошт, ғайр аз ин онро дар воту вотхона ва алафпаяҳои колхоз мехгардон кардан мумкин набуд.
Умматқул орият карда онро нафурўхт ва Саидқулро ба он мутасаддӣ кард: «Алафаш ба ўҳдаи ту». Қашаву нигоҳубинашро ба усто Нуриддин супурд. Барои ҳамин ҳам усто Нуриддин дигар ба кори колхоз набаромад. Устоӣ мекард ва ба асп нигоҳубин.
Аспро мехгардон мекард. Ва ҳар рўз як соат аз байни дарахтон онро мегузаронд, ба вай каҷу килеб рафтан ва аз байни дарахтҳо миён борик карда гузаштанро ёд дод. Усто тойро хушлаҷом кардан хост. Той фарбеҳ шуд, хушнамуд гашт ва аз зери пўст ва мўйҳои тоза дар ҳавои равшан ва ё назди чароғ чизе ҷило медод. Баъд Нуриддин ба Умматқул фармуд, ки тухм харида биёрад. Тухмро ба ҷав омехта доданд. Ранги асп боз тозатар шуд. Чун асп панҷсола шуд, ба пушт зин заданд. Хислати пирамард ба Булўр гузаштааст, ки ором меистад. Вале чун Мавлонро бар зин нишонданд, асп бетоқат шуд ва ба гирди пирамард тохтан хост. Пирамард ба Умматқул гуфт, ки ў савор шавад, зеро асп шахсарӣ карда давад, ба лаҷоми онро кашидан зўраш намерасад. Чун Умматқул ба зин пой гардонд, той ҷуфтак зада тохт. Умматқул лаҷоми онро сахт кашид. Асп як чароғпоя шуда қарор гирифт. Беқарориаш ҳамин шуду ҳамин, гўё хеле ва хеле осон сара шуд. Вай дигар шахсарӣ карда аз ихтиёри соҳибу лаҷом набаромад. Ва андаке ҷилав зананд, ба сўе мегашт. Ҳамчун аспи хушҷилав овоза пайдо кард. Умматқул Булўрро ба бузкашиҳо мебурд, то тўдаву занозании аспон, шиҳаю кишнаи онҳо ва ҳаёҳуи асптозонро бинад ва шунавад: буз дар бару дар қоши зин, зери рону банду гиреҳ омадани пойи буз: тохтани аспони дар бузкашиҳо одаткардаро ёд гирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ