Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Аввалин кори кардаи Саидқул ҳамин шуд, ки як аккаеро, ки ҳар рўз дар шохи дарахти чормағз ғиш-ғиш мекард, парронд. Ин ҳам ба хоҳиши Чинӣ шуд. Ба ҷону ҳоли ҷавон намонд: «Ин аккаи даҳансиёҳ ягон балоро медонад, ки ин қадар болои сари мо омада хиш-хиш мекунад» гуфт. Саидқул аз нишони бехатояш шод шуд ва бегоҳирўзӣ ба кўҳи «Чилдухтарон» рафт. Кабўтарони даштӣ хеле зиёд буданд ва омадани ўро дида, села-села парвоз карда, болои боғот давр гаштанд ва боз омада ба сару китфи муҷассамаҳо нишастанд. Саидқул камингоҳ гирифта, дар боло гардани зебои кабўтарро дид, кабўтар ҳам ўро мепоид, ки намоён шавад, парвоз кунад. Вале Саидқул мили камон ба танаи кўҳ рост карда хеле нишон гирифт ва парронд. Камон пошна дод, ў ба пушт зад, ҳатто чанги аз бадани кўҳ хестаро надид. Ў тарсид ва пас аз муддатҳо дард кардани китфи росташро ҳис карда хест. Гиребони куртаашро ба бозу фароварда паи пошнаи камонро дид. Сип-сиёҳ хун хоб рафта буд. Бачча ин хел зарбаро надида буд, тарсид. Ваҳм ҳам кард. Баъд ба атроф назар карда, ба боғот даромад. Дандон ба дандон монда мерафт. Яке даст бардошт, ҷои зарбхўрда сўзиш кард. Чунон дандон фишурд, ки оби дандон ғич шуда аз чашмаш баромад. Ў себҳо ва ҳатто чормағзи ғўрро канда, хоида туф мекард.
Баъд «китфам набаромада бошад?» гуфта ҷунбонд, боз сўхт.
Ба шипанг омад ва ба атроф нигоҳ кард, ки ягон кас бошад.
Аз ҳама бештар Гавҳарро дидан хост. Дам-дами фурўрафти офтоб ба хона омад. Оҳиста камон ба мех овехт ва ба касе сир надода баромад.
— Гавҳар, ин ҷо биё, — ўро дар дами дар дида гуфт ў.
— Чӣ мегўӣ?
— Ин ҷо биё, гапи зарур.
— Ҳамин ҷо гўй.
— Ин ҷо намешавад, биё паси хона гузарем.
— Ҳа, паси хона бурда, занӣ-а?
— Не, худо занад не... Ман паррондам.
— Киро?
— Биё, ҳамаашро мегўям.
— Хайр, рош!
— Лекин ба ҳеҷ кас гап назан... Ана, бин. Бин, ки китфам набаромада бошад.
— Ээ ҳатўл, аз ўҳдаи ҳеҷ кор намебароӣ, туро ба тирпарронӣ кӣ мондааст-у?
— Хайр! Ман ба ту нозам ғунҷида, бин гўям, меҷакӣ.
— Ҳеҷ бало назадааст, дуруст мешавад.
— Ба ман раҳмат намеояд-а?
— Чӣ хел раҳмам ояд. Ту коргари мустақил шудӣ, рўзи меҳнат мегирӣ, пул мегирӣ, салому алейкатро ҳам хўрдӣ. Боз гап мезанӣ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ