Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Духтарак ба сари роҳи калон баромад. Аз назди идора гузашта дар хамгашти роҳ бозистод ва ба роҳи дашт нигарист. Нигаристу нигарист, касеро надид ва ноумед баргашт. Вақте ки ба хонаашон наздик шуд, садои чўберо шунид. Аз буни хона оҳиста нигоҳ кард ва модарро дид, ки асои гадоӣ бар танаи дарахти чормағз мезад.
«Шояд Саидқул ягон чиз гуфта бошад?» — ба худ суол кард ва дар баданаш мурғак давид. Кампири Чинӣ ба лат ёфтани дастон нигоҳ накарда асо бар дарахт мезад. Аз афти кор, охирин асо буд, ки аз дасти ў нашикаста мондааст. Афсўс, ки ин асо ҳам шикаст.
Пас ў оҳи вазнине кашида бар решаи аз хок барҷаста нишаст.
Гавҳар аз ҳолати ў чизеро пай набурд. Ҳоло ҳам меларзид.
Оҳиста аз буни хона намоён шуд, то модар чӣ гўяд. Модар чизе нагуфт. Пас ў ҷуръат карда, назди модар рафт. Пиразан боз аҳамияте надод. Духтар паҳлўи модар нишаст ва сар ба зонуи ў гузошт.
Модар сари ўро сила кард, баъд ашк рехт.
— Боз хафа шудӣ, оча?
— Не, духтарам...
— Хафа нашавӣ, асоятро намешиканӣ.
— Ту намефаҳмӣ, духтарам, ки зиндаҷудоӣ чӣ сахт аст.
— Охир, вай бераҳм набиёяд, чӣ кор кунем? Иҷозат медиҳӣ, ки ман ба ҷустуҷўяш равам?
— Не, ба духтарбачча ин кор намешавад...
— Набошад, ман равам, хола? — аз паси дарахт ҳозир шуд Саидқул.
Чинӣ дервақт ҳайрон монда:
— Ту ҳам наметавонӣ, — гуфт.
— Метавонам. Агар Гавҳар хоҳиш кунад, аз зери замин бошад ҳам, ёфта меорам.
— Ин чӣ гуфтагиат, Саидқул? — пурсид модар. Саидқул ба саволи ў ҷавоб надода, Талъат кўдаки дар гаҳвора ором хобидаро кушода, оварда ба бағали пиразан гузошт ва баргашта хона даромад:
— Ҳар дуямон меравем, тағо, — аз забони кўдак гуфт Чинӣ ва тифлро боло бардошт.
Ҳамин вақт Умматқул даромада омад. Арақи рўю гардан бо фўта пок карда гуфт:
— Шарифро гусел карда омадем.
Ин гап ба Саидқул нафорид. Ў дур шуд ва оҳиста-оҳиста сўи деҳа рафт. Тамоми рўз бедарак шуда, бегоҳ як милтиқ харида омад. Боғурур ба назди хона омад.
— Боз ин чӣ намға, Саидқул? — рафтори ўро дида пурсид Умматқул.
— Гап ҳаст,— нимхой ҷавоб дод ў ва ба сўи боғот равон шуд.
Пиразан дергоҳ аз паси ў нигоҳ карда монд.

пешина
аз 429
навбатӣ