Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Ҳеҷ чиз нагуфтӣ-ку?
— Гуфтам. Боз чӣ гўям? Гуноҳи бесаводиам. Набошад, ин гапҳоро дар хат мегуфтам. Лекин шумо босаводу наменависед.
Ор мекунед.
— Ту ин гапҳоро мон, духтарак.
— Хайр, ҳар вақте ки омадед, хабар гиред.
— Хуб. Акнун рав… Саидқул дида бошад, ба ў чӣ мегўӣ?
— Намедонам... Мегўм, ки ман он касро нағз мебинам… Не!
Фол дидам, мегўм.
— Фол надидӣ-ку? Канӣ, фол бин.
— Аввал сарфолӣ диҳед.
— Чӣ хел сарфолӣ?
— Ягон чиз, ки аз шумо ба ман хотира монад.
— Ана, як ручка...
— Хуб, мешавад.
Духтарак қалами чаҳоррангаро гирифта нигоҳ кард, баъд ба кафи дасти чапаш як хати сурх кашид, ба ҷавон нигарист. Боз садои ҳуштак такрор ёфт, наздиктар омада буд. Духтарак ҳаросашро фурў нишонда бо овози ларзон ба гап сар кард:
— Рост гўм, дурўғ гўм, ба шумо дурўғ, ба Худо рост. Вақт аст ё бевақт, шаб аст ё рўз, шумо аз ин ҷо баромада меравед. Лекин дил ва ҳушу хаёлатон ин ҷо мемонад. Як духтари бегона дўстатон доштааст ва шумо ба вай раҳм накарда, партофта меравед.
Шумо онро медонед, вале назаратон намегирад... Дар он шаҳри калон шумо ба як духтар гирифтор мешавед. Ў ба шумо эътибор намедиҳад. Худатонро беҳуда обу адо мекунед.
«А-а-а-а!» Ин садои пурҳашамат аз байни ҳулўлзор баромад.
Онҳо ба ҳамдигар нигоҳ карда шах шуда монданд. Шариф ба сўе, ки овоз омада буд, равона шуд, вале духтар ўро боздошт:
— Наравед, вай фиреб карда истодааст.
— Акнун ту рав, духтарак.
Духтарак дергоҳ ба сару рўи Шариф нигарист, баъд оҳистаоҳиста пуштнокӣ рафт. Якбора аз чизе ҳаросида рўй гардонд ва байни буттаву дарахтон тохт.
17
Гавҳар бошитоб аз боғот бадар рафт, то рафтани Шарифро бинад. Вале дуртар аз идора рў ба рўяш Саидқул баромад. Ў як суст шуд, бозистодан хост, вале ба ҷавонписар нигоҳ накарда гузашт. Саидқул ҳам ба ў чизе нагуфт ва ҳатто нигоҳ накард.
Ҳамин ки Гавҳар ба идораи колхоз наздик омад, якбора бозистод ва мисли духтарони дар дилашон ишқ парварида якрўя шуда, аз паси ў нигарист. Ба духтарак маълум нашуд, ки Саидқул бепарво меравад ва ё зуъмгирифта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ