Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

садо баланд мекунад ў ва Махсуми ришдор сўи ў маъсумона нигариста, даст пеши бар гирад, ки ҳамааш соз мешавад.
Махсуми ришдор даруни амбор гардад ва монанди муш донад, ки дар кадом сўрохӣ чӣ ҳаст. Аммо мудири шикамчадори лаванд, ки гўё тоқати абр кашидани ҳаво надорад, як тўб читро аз ин ҷо гирифта, ба он ҷо монда натавонад. Ҳама кор дар дасти Махсуми ришдор аст ва ба касе чизе лозим шаваду фармони боло бошад, ҳамон лаҳза ба «Ява» савор шуда они воҳид нагузашта расонад ва рафту ба бечора кафанӣ лозим шавад, Махсум то нархи дилхоҳашро нагирад, як оршин сон надиҳад. Махсуми ришдор одами аз ҳама зарурӣ ва аз ҳама азиз. Миёни Истаду эшони Нур ҳам ў тор танад, ҳама сирру савдои амбору идораи савдоро ў донад ва ба «Каломи шариф» савганд ёд кардааст, ки сар равад ҳам, асрор ҳувайдо накунад. Чун сари Истад дард гирифт, ўро даъват кунад, ки назди эшони Нур рафта, тўмори дарди сар орад. Ҳамин ки кор омад накард, Махсуми риш дар пушти мототсикл аз рўи фармуди «хўҷаин» халтаи қанд ё биринҷ, тўби чит ё сон, човаи равғани зағир ё зайтун ё матоъҳои барои рўзгор зарурро бор кунад ва аз он тараф барои раис тўмор орад. Агар бо тўмор нашавад, раис боз Махсуми ришро фиристад, ки эшон дуо хонда, ҳама корро чаппа гардонад. Чун бо ин роҳ ҳам нашуд, Истад назди ошноҳо равад, ҳама воситаҳоро истифода барад, пули зиёд сарф кунад, на шаб хоб доранду на рўз ва боз забони эшони Нур дароз, ки ҳама корро чаппа кард. Калонхон барои чунин хислаташ занро ҳурмат кунад, зеро рафту дар колхоз кори ў омад накунад, муфаттишони вилояту республика сахт гиранд, ҷони ўро Истад харад. Ў занест, ки гўё аз чунин мактаб гузашта; кадом корро ба воситаи кӣ иҷро карданро донад. Дар район як секунҷа ҳаст миёни Истаду эшони Нуру комитети партиявии район, ки ҷуз Истад ин секунҷаро касе надонад. Дурусташ ў ин секунҷаро барои худ кашф кард, вагарна дар комитети партиявии ноҳия аз ин чизҳо огоҳ нестанд ва надонанд, ки Истад бо чӣ корҳо машғул аст. Ҳамин қадараш, ки Истад дар вақташ «визнос» супорад ва ҳар чизро баҳона карда, барои маслиҳат равад, худро одами пок, ба партия содиқ нишон диҳад ва албатта, ба ягон корманди комитет чизе лозим шавад, рост ба раис телефон кунад; лозим бошад, худи раис орад, он қадар зарур набошад, бо касе фиристад ва агар аз инструкторон бошад, гўяд, ки чизи хостаашон ҳаст, омада гиранд ва ё шираш ба он кас нафарояд ё бад бинад, гўяд, ки ҳоло чизи хостааш нест, ҳамин ки омад, ҳатман хабар медиҳад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо