Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман аввалин бор бо ҷўгиҳо ҳампоӣ кардам. Онҳо бо роҳе рафтанд, ки ҳеҷ гоҳ надида будам. «Ман ҳамроҳи шумо намеравам, хоҳаракам танҳо мемонад! Мо ду нафар, дигар ҳеҷ кас надорам!»
гуфтам, вале касе ба додам нарасид. Худойқул гаштаю баргашта ба пас менигарист ва ҳар замон маро таҳдид ва таъкид мекард, то овоз набарорам, гўё ў дузди гуреза буд, садои ман боиси дастгир гаштанаш мешуд. Дар ҳар қадамам ашк мерехт. Мерехту мерехт ва то имрўз хушк нашудааст...
— Ин хел нагў, гули бобош, аз ашк ҳеҷ кас лои иморат насохтааст... Оби дида накун, фоида надорад... Хайр, баъд куҷо рафтанду туро куҷо бурданд?
— Корвон баста мерафтанд, ман мисли як гўсола, ки ба бозор мебурда бошанд, аз пас кашол шуда мерафтам. Худойқул, ки сари тоифа буд, сапедадам сари харҳоро ба наистоне гардонд. Дар зери пардаи сапедаи субҳ як назар дидам, ки аз хўрҷини хари мардак чизе метаровад. Таваҷҷўҳ карда, қадаме пештар партофтам, то бинам, аз чашми хўрҷин чӣ метаровад. Акнун дар равшании аввали саҳар ҳар чизро дида ва фарқ кардан мумкин буд. Аз чашми хўрҷин хун метаровид. Аз афти кор қомати мардак баландӣ карда ин чизро намедид. Дилам таҳ нишаст, баъд ба бозӣ даромад.
Ман худдорӣ карда натавониста зуд-зуд ба қатраҳои хун ва ба хўрҷини алои хунин менигаристам. Чинӣ аз нигохи ман рамуз гирифта, ба чашми хўрҷин нигоҳ кард ва шавҳарашро бо ишораи чашм огоҳ. Мардак аз паси хараш шуда, бо тани пуррааш пеши чашмҳоро гирифт, то касе набинад. Аз роҳ дур шудем. Харҳоро боздошта, борҳоро фароварданд. Баъд Худойқул фармуд, ки мо ҳезум ҷамъ кунем. Ман худро ба нодонӣ зада паҳлўи кўч нишастам. Писарчаи онҳо – Умматқул, ки то ин ҷо сарбории хар шуда буд, омада паҳлўи ман нишаст ва худ аз худ ба ман ҳамгап шуд:
«Апаи нағз?» гуфт ў. Ман «не» гуфта сар ҷунбондам. Ў «ҳа» гуфта гапи маро рад кард. Гапи ў чандон барои ман аҳамият надошт.
Ду чашм аз хўрҷину Худойқул канда наметавонистам. Худойқул чизеро аз хўрҷин кашола карда баровард. Як бузғолаи бесар буд.
«Наход барои ҳамин гўшти ҳаром шуда ин қадар барвақт бор баста бошад?» гуфтам дар дил. Аз нигоҳи ман писарак чизеро пай бурда, он сў нигарист ва бузғоларо пўст кандани падарашро дида, «пуфакашро ба ман те» гуфта тохт. Ман ҳоло ҳам он сў менигаристам. Писараки сесола қариб бараҳна буд: як куртачае дошт, ки аз нофаш боло меистод. Мазмун куртаи чилланокии кадоме буд. Худойқул бузғоларо пўсту пора кард ва хўрҷинро ба занаш дод, ки лаби об бурда шўяд.
Дар тоифа ҷўгиҳо зиёд буданд, вале диққати маро фақат Худойқулу занаш ҷалб кард. Ман ба тақдир тан додагӣ барин дигар ба онҳо саволҳо намедодам, ҳушу хаёлам ба кору бори ҷўгиҳо банд буд. Вале ба хотирам гапи мардум: «Соли каҳтӣ, ба дасти ҷўгиҳо афтӣ, хомохом мехўранд» тарсу ҳароси маро зиёд мекард.

пешина
аз 429
навбатӣ