Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Не, маро дуздиданд.
— Чӣ хел? Охир, дегдон бесоҳиб не-ку!
— Ҳамин хел шуд, бобо... Дар ҷои ношинос ва ноомўхт зиқ шудам, дар кўчаҳо гаштам. Рўзе саллона-саллона мегаштам, ки роҳамро гум кардам. Хеле гаштам. Ақлам нагирифт, ки аз ягон кас пурсам. Аз тарсу ҳарос пушти Чорбоғ гузаштам. Дар паноҳгоҳе
1 мунга карда менишастам, ки чанд ҷўгӣ омад. Танҳо будан ва гиристани маро дида ба пурсуҷў даромаданд. Ман ҳеҷ чиз нагуфтам. Рости гап, аз онҳо тарсидам. Онҳо ба ҷону ҳолам намонда ҳолпурсӣ карданд, ки ман кӣ ҳастам ва аз куҷо. «Гўй, ба ҷоят бурда мемонем», гуфтанд. Ман он чизе, ки медонистам, гуфтам.
Онҳо «Гард, мебарем» гуфта маро ҳамроҳ гирифтанд. Аз пасашон кашола шуда рафтам. Баъд дидам, ки маро ба як боғхона бурданд.
Фарёд кашидам, дасту по задам, вале гуфтанд, ки роҳи сағирхонаро гум кардаанд, рўзи дигар мебаранд. Ман бовар карда, он ҷо мондам. Рўзи дигар ҳам набурданд. Занаки пурраи мардовоз халтаю асояшро гирифта ба хонаҳои мардум рафт ва ба шавҳараш «Худойқул, эҳтиёт шав, ки ягон ҷо нагурезад» гуфта таъкид кард.
Дили ман сиёҳ шуд. Аз ин гапи ў хавф бурдам. Хавфам аз он буд:
дар ин солҳои қаҳтӣ, ки мардум қариб чашми якдигарро кофта мехўрданд, як нонхўри зиёда ба онҳо чӣ лозим бошад? Ба ҳазор фикру хаёл рафтам. Мардони дигар ба ҳар гуна корҳо машғул буданд, вале Худойқули ў маро мепоид, то нагурезам. Рости гап, ин нағма маро хеле ҳайрон кард...
Чинӣ саҳар рафта, бегоҳ омад. Шалпар шуда буд. Шикор барор нагирад, сайёд хаста шавад. Чинӣ ҳамчунон намуд. Халтааш холӣ баргашт. «Куҷое равам, таънаю иллат кунанд» гуфт ў ва халтаро ба як сў ҳаво дод. Худойқул ба ў сахт нигарист, ки занак ба ў ситеза карда бошад. Занак калтакро ба сари мардак мезадагӣ барин рост бардошт ва ҳамон зайл рўи боми боғхона партофт. Мардак оташин шуда хест ва ба сари занак як мушт фароварда гуфт: «Ман туро тавалло накарда будам, ки мурдаи маро ба калла гирӣ...»
Баъд илоҷе меёфта, сархам ба гўшаи боғ рафт. Ман маънии гапи ўро нафаҳмидам, ки «мурда ба калла гирифтан» чӣ маънӣ дорад.
Гумон кардам, ки барои ман шуда ин хел масхарабозӣ мекунанд.
Сабабгори машаю ғуссаи онҳо гўё ман будам. Ман надонистам, ки онҳо он шаб чӣ хўрданд. Мардак гум шуд. Нисф-нисфи шаб омада ҳамаро бедор кард ва фармуд, ки бор банданд. Харҳоро бор бастанд. Маро ҳамроҳ гирифтанд. «Не, ман ҳамроҳи шумо намеравам!» фарёд задам ман, вале дар он вақт, ки ҳама дар хоби хуш буданд ва намедонистанд, ки дар боғхонаҳои бесоҳиб рух додани коре, воқеае имкон дорад, касе фарёди маро нашунид.
- Мўя.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё