Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Махсусан хуни хўрҷин саҳл монда буд, ки маро девона кунад.
Чинӣ дегпоя монда, оташ гиронд. Ба гумонам, гўштро яклухт ба дег андохта, пухта хўранд. Ғайри чашмдошт занак дегро пур аз об кард. Баъд аз дасти мардак чанд лахт гўшт гирифта ба об андохта, оташи зери дегро тез кард. Ва то ин вақт Худойқул аз гўшт сер шуд: ў ҳар бор, ки даст ё пои бузғоларо ҷудо мекард, як пора гўштро ба даҳон мепартофт. Ман ҳайрон мондам, ки чун гўшти хом банди дили ўро намегирад. Аз китфу бозу ва тану тўшаш маълум буд, ки ин хел бузғолаҳоро бо пўсту устухонаш хўрад ҳам, ҳал кунад...
— Вақти косаю табақ кардан не, – баъди тайёр шудани шўрбо гуфт Худойқул ва фармуд, ки дегро миёна монанд.
Онҳо дегро дар миёна монда, нонҳои қоқро аз халтаҳо ба роварданд ва ба оби шўрбо тарид карданд. Вақти дароз шуда аз даруни дег пораи нони тарро гирифтан китфони ҳамдигарро танг карда аз давра баровардан мехостанд. Ман гушна будам, зери забонам об мекушод, вале худро дошта аз онҳо андаке қафо нишастам. Ин ҳолро Чинӣ пай бурда «Пештар шин, ёд гир!» гуфта маро каме ба даруни давра тела дод. Ман қадре пеш ғеҷидам. Ба гумонам, онҳо боз маро берунтар тела доданд. Шояд ин аз нодорӣ ва гуруснагӣ буд. Ман нафаҳмидам, ки ба онҳо чӣ лозимам? Нонхўри сарзиёда. Ба гумонам, на танҳо барои ҷўгиҳо, балки дар он замон барои ҳама: ҳатто барои ҳар мусулмони худотарс ҳам сарборӣ будам. Гуруснагӣ ва қаҳтии он солҳо набояд аз ёди бандагон равад. Даҳонам пур-пури об шуд. Медонистам, ки оби даҳонамро фурў барам, дилам беҷо шавад. Коре карда сар ба пас гардондам.
Чинӣ гўё ки барои маро оварданаш ҷавобгар бошад, гаштаю баргашта таъкид мекард, ки ақаллан як сари нон гирам. Коре карда як китфи хурдакамро аз байни китфони бузург, вале қоқу сахти онҳо даровардам. Касе банди дасти маро гирифта пештар кашид ва ба лаби дег расонд. Дастам сўхт, пас кашидам.
— Гир! Ҷои нозу нуз не! Хўрдӣ-бурдӣ, нахўрдӣ-мурдӣ, – боз овози занак баромад.
— Чаққа нашав, гушна монад, бе гуфти ту ҳам гирифта мехўрад,
– гир-гири занаш ба Худойқул сахт расида гуфт.
Аз муомила ва гапу фўку димоғаш маълум, ки омаданам ба ин мардак нафорид: ба назарам, ба ман дағалӣ мекард. Аз хамон лаҳза ўро бад дидам. Оби чашмам давр зад. Пораҳои нони фаллагашта ҳам ба чашмам нанамуд. Оби даҳонам ҳам хушк шуд.
Қафотар нишастам.
— Гир, духтар, набошад, аз гушнагӣ мемурӣ, – боз таъкид кард занак ва як пора гўштро аз даруни нонпораҳо ёфта, ба ман дароз кард.
— Намехўрам, – сари дилам пур шуда, гуфтам.

пешина
аз 429
навбатӣ