ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Дар вақтҳои охир инчунин ба чунин маҳлули корӣ пеш аз ба растаниҳо пошидани маҳлули тайёр гашта, ба он 10-15 г аз заҳрҳои кимиёвӣ, аз қабили нурелл- Де, десис, фюре, би-58, рогор, сумисидин ҳамроҳ намуда, ба растаниҳо мепошанд, ки ин дар як вақт барои нест намудани касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон кўмаки калон мерасонад. Аммо барои дар як вақт нест кардани касалиҳои зироатҳо метавон ба ин маҳлул инчунин пеш аз пошидан ба растаниҳо чунин заҳрҳоро аз қабили арсерид, ридомил, купрозан, синеб ва ғайраҳоро бо сарфи 20–30 г дар 10 литри маҳлул истифода намуд. Ба ҳамин тариқ ин маҳлули тайёргаштаи универсалӣ метавонад дар як вақт ҳам касалиҳо, ҳашаротҳо ва зараррасонҳоро нест намояд. Сарфи ин маҳлул тахминан 6 литр дар майдони 0,01 га мебошад. Ин маҳлули заруриро метавон ба ҳамаи зироатҳои кишоварзӣ истифода кард. Вақти пошидани ин маҳлул баъди соатҳои 17- 19 мебошад ва онро дар вақти баромадани ниҳолҳои ҷавон ва дар вақти нашъу намои онҳо истифода намуд.
Аз таҷриба аз касалии сиёҳак эмин гардонидани тухмии гандум
Ба парвариши ғалладонагиҳо, аз қабили гандум мардуми диёрамон аз қадимулайём машғул буданд. Вале ба кори деҳқонӣ дар парвариши гандум аз давраҳои тўлонӣ сиёҳшавии хушаи гандум хисороти калон ворид месохт. Бинобар ин деҳқонон ба муқобили ин касалии занбурўғии гандум аз хоки тафсон дар фасли тирамоҳ истифода мебурданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё