Зеҳн
ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 56 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Барои ин дар аввал қаторҳоро дар чуқурии 10-15 см тайёр намуда, дар байни қаторҳои (ҷўйякҳои) тайёр карда шуда, ки дар онҳо лўндаҳои картошка бояд шинонда шаванд, порўи пўсидаро бо омехтагии баргу коҳҳои пўсида ва хокистарро ба миқдори 0,5 кг дар як метри замин ҷой карда, баъд лўндаҳои тухмии картошкаро дар болои ин маводҳои андохташуда гузошта мешаванд ва дар чуқурии 5-7 см зери хок гардонида мешаванд. Ин корро ман аввали баҳор ба ҷо меорам ва ин чорабинӣ боиси хеле баланд гаштани ҳосилнокии ин зироат мегардад. Ин тарзи бобогии кишти картошка ҳоло дар бисёр деҳаҳо истифода бурда мешавад ва боиси ба даст овардани ҳосили баланди картошка бе истифодабарии нуриҳои маъданӣ ва заҳрҳо мегардад. Чунин картошка хело болаззат мебошад. Ман ин усули парвариши картошкаро ба дигарон низ тавсия медиҳам, ки дар қитъаҳои наздиҳавлигиашон истифода баранд».

Омезиши усулҳои суннатӣ ва оддии мубориза бо зараррасонҳо ва касалиҳои растаниҳо

Аз давраҳои қадим деҳқонон барои мубориза бурда ба муқобили зараррасонҳо ва касалиҳо аз таҷрибаи суннатии мардумӣ ба хубӣ истифода мебурданд. Ин усули мардумӣ аз он иборат мебошад: дар 10 литр об 2 кг хокистари чўб, 100 -150 г тамокуи хушк, 1-2 дона сирпиёз (майдакардашуда), 1-2 дона қаламфур ( майдакардашуда)-ро ҳамроҳ намуда, дар муддати 3-4 рўз дар торикӣ нигоҳ медоранд. Баъди ин ин турушгаштаро аз дока гузаронида, ба он 100-150 г селитраи аммиакӣ, 50-70 г хлориди калий, 70-100 г суперфосфат ва 20-30 г собун ё айнаро ҳамроҳ намуда, хуб омезиш дода, ба растаниҳо мепошанд.

пешина
аз 56
навбатӣ