ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Ҳоло дар хонаам як музейро таъсис додам, ки дар он ҷо зиёда аз 20 номгўйи чизҳои қадимаи водиро ҷамъ оварда нигоҳ медорам. Инчунин ман бо фарзандонам дар ин ҷо боғи модарии беш аз 20 навъҳои маҳаллии себ, 5 навъи нок, 3 навъи чормағз ва дигар навъҳои дарахтони мевадиҳандаву сояафканро парвариш менамоям. Дар ин қитъаи боғи модарии дарахтони мевадиҳанда, ман намудҳои гуногуни пайвандкуниро гузаронида, кўшиш менамоям, ки навъҳои нодирро парвариш намуда, афзун намоям». Дар деҳаи «Ҷафр» бештар аз 400 оила умр ба сар мебаранд. Махсусан ин деҳа бо гуногунии навъу намудҳои чормағзаш аз дигар деҳаҳои ноҳия фарқ менамояд. Шароити релефи ин деҳа ҳамчун шароити хуб барои гузаштани ҷуфтшавии табии намуду навъҳои гуногуни чормағз хело мувофиқат менамояд. Махсусан оби софу зулоли чашмаҳои деҳа, табиати сабзу хуррам ва иқлими салқини деҳа ба ин мусоидат менамоянд. Дар он ҷо чунин навъҳои маҳаллии чормағз, аз қабили «Ҳамелӣ», «Кўракӣ», «Қоқатак», «Бобоӣ», «Пусттунук» ва ғайраҳо парвариш меёбанд. Дар ин деҳа инчунин навъҳои маҳаллии себ - «Маликисеб». «Пахтасеб», «Қомбасеб», «Шоҳинсеб», «Чилагӣ», «Зағорасеб», «Тўрушак», «Хубонӣ»; аз навъҳои зардолу «Моҳтобӣ», «Қандак», «Сафедак», «Фалғарӣ», «Зардакӣ», «Дудона» ва ғайраҳо; аз навъҳои ток «Ҳусейнӣ», «Лаълӣ», «Сиёҳангур», «Тойфӣ», «Сафедангур»; аз навъҳои шафтолу «Сафедак», «Сурхаки маҳаллӣ»; аз навъҳои тут «Сурхтут», «Сафедтут», «Сиёҳтут», «Бедона», «Шоҳтут»; аз навъҳои нок «Сафедмуруд», «Ношпотӣ», «Нок», «Анҷирак»; аз навъҳои гандум «Сурхак», «Сафедак»; аз навъҳои боқле «Сиёҳ», «Сафед», лубиё «Сиёҳ», «Сафед», «Алло»; аз навъҳои каду «Зардкаду», «Ширкаду», «Тагиаловкаду»-ро то кунун нигоҳ доштанд ва парвариш менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё