Зеҳн
ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 56 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

«Шоҳинсеб», «Пахтасеб», «Чилагӣ», «Тирамоҳӣ» «Маликӣ», «Шафеӣ», «Кулчасеб», «Тўрушак», «Сурхсеб»; аз навъҳои зардолу - «Сурхак», «Сафедак», «Моҳтобӣ», «Фалғарӣ»; аз навъҳои чормағз - «Ҳамелӣ», «Қоқатак», «Кўрак»; аз навъҳои ток - «Лаълигӣ», «Хамирак», «Ҳусейнӣ», «Сиёҳангур», «Тойфӣ», «Сафедангур»; аз навъҳои шафтолу – « Сафедак», «Бепашмак», «Сурхак»; аз навъҳои тут – «Сафедтут», «Сурхтут», «Сиёҳтут», «Бедона», «Шоҳтут», аз навъҳои нок - «Сафедмуруд», «Сиёмуруд», «Ношпотӣ», «Нок», «Хасакӣ», «Анҷирак»; аз навъҳои гандум «Сурхак», «Сафедак»; аз навъҳои боқле – «Сиёҳ», «Сафед»,лубиё – «Сиёҳ», «Сафед», «Зард»; аз навъҳои каду - «Ширкаду», «Зардкаду», «Тагиаловкаду» дар ҳавлиҳои мардум парвариш меёбанд. Инчунин дар ин мавзе навъҳои маҳаллии олу, ангат, дулона, санҷид, бутахор (шиповники) ва ғайраҳо парвариш карда мешаванд. Дар ин дара инчунин деҳқонон ба равнақу ривоҷ додани занбурпарварӣ машғул мебошанд ва аз ин корҳо даромади хуб ба даст меоранд. Дар байни занбўрпарварон махсусан собиқ омўзгори мактаби миёна ва ҳоло нафақахўр ва занбурпарвари моҳир Ёфтулло Мирзоев дар кори тараққӣ додани занбўрпарварӣ дар ноҳия саҳми калон гузоштааст.

Деҳаи «Ҷафр»

Аз таҷрибаи нигоҳдории навъҳои дарахтони мевадиҳанда ва ташкили музей дар деҳот

Дар деҳаи «Ҷафр»-и ноҳияи Рашт олим - деҳқони асили деҳотӣ Мирзошо Акобиров иқомат намуда, ба ҷамъоварӣ ва афзун намудани дарахтони мевадиҳанда солҳои тулонӣ боз машғул мебошад. «Ман зиёда аз 20 сол аст, ки ба ҷамъоварӣ ва нигоҳ доштани чизҳои қадимаи таърихии раштонзамин низ банд мебошам.

пешина
аз 56
навбатӣ