ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

6.4. Ноҳияи Рашт
Дар ноҳияи Рашт омўзишу тавсифи донишҳои нодири мардумиро дар Гурўҳи технологии деҳот (ГТД) дар деҳаҳои «Ҳоит», «Шархо», «Бедак» ва «Шаҳри нав» дар бахшҳои гуногуни кишоварзӣ иҷро менамоянд.
Деҳаи «Ҳоит». Парвариши картошка бо лубиё.
Дар деҳаи «Ҳоит» Гурўҳи технологии деҳот дар мавзўи «Парвариши картошка бо лубиё» кор ва фаъолият менамояд. Дар ин гурўҳ 10 нафар мардони ин деҳот аъзо мебошанд. Роҳбари ин гурўҳ Хоҷаев Қаҳрамон мебошад. Ин ГТД ба парвариши ду зироат, яъне картошка ва лубиё, ки онҳо дар як вақт кишт карда мешаванд кор мебаранд. Ин ду зироат яъне картошка ва лубиё дар вақти нашъу намо ҳамдигарро халал нарасонида, баръакс як хел нашъу намо менамоянд. Дар вақти интихоби навъҳо бояд навъҳои пешпазаки лубиёгиҳо интихоб гарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё