ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Дар вақти вохўриҳо бо аъзоёни ин ГТД ба мо маълум гашт, ки мардуми ин деҳа аз қадимулайём ба боғдорӣ шавқу рағбати калон доранд. Яке аз чунин ташкилкунандагони боғҳои дарахтони мевадиҳанда бобои Ғаюрбек мебошад, ки вай дар майдони бештар аз 1.5 га дар нишебиҳои кўҳҳо боғҳои себ, нок, зардолу ва чормағзро ташкил ва бунёд намудааст. Вай мегўяд, ки боғдорӣ дар оянда дар шароити ноҳияи Нуробод имкониятҳои калон дошта, дар баланд гаштани иқтисодиёти хоҷагиҳо ва мардум дар оянда метавонанд кўмаки калон расонад. Аз ин лиҳоз бояд ба васеъ ҷорӣ намудани ин таҷрибаи андўхтаи халқ доир ба ташкил намудани боғот дар нишебиҳо аҳамияти ҳаматарафа дода шуда, он васеъ истифода гардад. Чунки чунин заминҳои дар нишебигиҳо ҷойгиршуда ниҳоят бисёранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё